27 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
30 январи соли 2025, соати 9-00 дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Иди Сада намоиш-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ баргузор мегардад. Бо назардошти ин, сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд ба идгоҳ омада, ниҳол, кӯчату тухмии зироатҳои кишоварзии барои худ заруриро харидорӣ намоянд.
Бояд таъкид кард, ки Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукуҳу шаҳомати мардумони ориёитабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Сада ҳамасола рӯзи 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар баробари бисёр ҷашнҳо ва арзишҳои дигари фарҳангии мо эҳё шуд ва ҳар сол расман 30 январ ҷашн гирифта мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд