25 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Cубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар шаҳр ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 кишоварзони вилояти Суғд ба маблағи умумии зиеда аз 22,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.
Соли 2024 тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд кишти зироатҳо дар майдони 282,8 ҳазор гектар замин гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки масоҳати кишти гузаронидашудаи аксари зироатҳо дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 афзудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти шолӣ 1014 гектар, картошка 3668 гектар, сабзавот 94 гектар, аз он пиёз 52 гектар зиёд буда, масоҳати умумии кишти зироатҳо нисбати соли қаблӣ 2515 гектар бештар шудааст.
Дар соли 2024 кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ дар масоҳати 20000 гектар ба нақша гирифта шуда, кишти такрорӣ дар майдони 24 ҳазору 463 гектар ё 122 фоизи нақша таъмин гардид.
Нисбат ба соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо 24,1 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 13,6 ҳазор тонна афзуда, дар соли ҳисоботӣ 433,9 ҳазор тонна ғалладонагиҳо бо ҷуворимаккаи дон, ва аз ҷумла 188,2 ҳазор тонна гандум истеҳсол карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят сабзавот 686,8 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 206,2 ҳазор тонна, картошка 658,5 ҳазор тонна, полезӣ 236,0 ҳазор тонна, мевагиҳо 253,9 ҳазор тонна, аз он ҷумла зардолу 174,8 ҳазор тонна, ангур 62,7 ҳазор тонна истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 105,8 фоиз, аз ҷумла пиёз 110,1 фоиз, картошка 109,7 фоиз, полезӣ 106,4 фоиз, мевагиҳо 114,1 фоиз, аз ҷумла зардолу 111,2 фоиз, ангур 122,2 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво 100,9 фоизро ташкил намуд.
Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 92,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 19,3 ҳазор тонна, моҳӣ 1013,3 тонна, шир 311,1 ҳазор тонна, тухм 768,9 млн. дона, асал 1603,4 тонна ва пашм 1698,7 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 108,2 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 100,0 фоиз, моҳӣ 101,2 фоиз, шир 106,0 фоиз, тухм 100,3 фоиз, асал 101,7 фоиз ва пашм 102,9 фоиз таъмин шудааст.
Нарҳои маҳсулоти пешниҳодшуда аз бозор 20-30 фисад арзон буданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд