(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҷлисгоҳи раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳр, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорон, фаъолон, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Нахуст аз рӯйи масъалаи "Натиҷагирӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025" раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Мунзифа Ҷабборӣ гузориш дод.
Гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷуманҳои ҳизбӣ, супоришҳо ва дастурҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятӣ, нақшаи кории Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, дастурҳо аз маҷлисҳои солонаи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва қарорҳои конференсияҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, инчунин, таҷлили санаҳои фархунда ба роҳ монда, дар давоми соли 2024 ба як идда дастовардҳо ноил гардид.
Ҳамзамон таъқид карда шуд, ки дар давоми соли 2024 дар чаҳор маҷлиси Кумитаи иҷроия ва чаҳор маҷлиси раёсати он ва маҷлисҳои машваратии назди раиси Кумитаи иҷроия муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб, аз ҷумла таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав, вазъи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, воридсозии аъзои ҳизб ба махзани ягона ва таҳлилу муқоисаи ҳолати супоридани ҳаққи узвият дар ташкилотҳои ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи сухан оид ба фаъолияти тарғиботиву ташвиқотӣ ва кори дар соли 2024 ба анҷомрасонидаи шуъбаҳои Кумитаи иҷроия муфассал таҳлил шуда, зикр гардид, ки ҳизбиён бо иҷрои амалҳои хайру наку, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ, ташаббусҳои созанда минбаъд низ фаъолият намуда, барои амалӣ намудани талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супориш ва иқдомҳои неку созандаи Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ҷаҳду талош хоҳанд кард.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома Нақшаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри ва мавзуъҳои хонишҳои сиёсӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуданд.
Баъд аз ҳисоботи раиси кумиҷроияи шаҳрӣ раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Инқилоб” Абдурашид Ҷалилзода ба музокира барома, доир ба фаъолияти корӣ дар соли 2024 маълумот пешниҳод кард.
Сипас аз рӯйи масъалаҳои сеюм ва чаҳоруми рӯзномаи маҷлис номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳрӣ пешниҳод ва муаррифӣ гардида, бо ҷонибдории аъзои кумиҷроия тасдиқ карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар маҷмуъ ба 40 ҳавзаи шаҳрӣ ва 7 ҳавзаи вилоятӣ номзадон аз ҳисоби аъзоёни ҲХДТ муаррифӣ ва пешниҳод шуданд.
Собиқадори ҳизб Абдуҳаким Шарипов номзадонро дастгирӣ намуда, барои интихоботи дар пешистода ба онҳо муваффақият орзу намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронӣ дар бораи самтҳои фаъолияти ҳизбиён вобаста ба талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ сухан гуфта, хотирнишон намуд, ки тамоми ҳизбиён атрофи сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар муттаҳид бошанд ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагӣ ва фаъолият қарор диҳанд.
Таъкид шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд яке аз ташкилотҳои муқтадир буда, дар сафҳои он зиёда аз 25 ҳазор аъзо дар 5 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 270 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишварро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар ҳама чорабиниҳои шаҳр фаъоланд.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд аъзоёни ҳизб таблиғгари фаъоли ҷомеа буда, дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ нақши калон доранд. Мо аз иқдомҳои пайвастаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бобати пешгирии амалҳои ифротгароиву террористӣ, даъват ба зиндагии ростин, ҷалб намудани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон истиқбол менамоем ва ин ташаббусҳоро минбаъд низ дастгирӣ хоҳем кард.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша ба нерӯи созандаи ҳизбиёни шаҳр такя мекунад. Дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлатдорӣ маҳз самараи ҳамкории мутақобилаи мақомот бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Саҳми ҳизбиён ҳамчунин дар татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дар маҷмӯъ сазовор истиқбол гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ хеле калон аст.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки баргузории интихобот, ки яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба шумор меравад, ба корбарии ташкилотҳои ҳизбӣ вобастагии калон дошта, дар кадом сатҳ доир шудани он ба фаъолияти ҳизб аз ҷониби интихобкунандагон баҳогузорӣ карда мешавад. Бо назардошти ин, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд омодагиро ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳанӯз барвақт оғоз карда, мунтазам дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодааст.
Минбаъд низ зарур аст, ки гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва таҳлилии кумиҷроия тибқи талаботи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар давраи маъракаи пешазинтихоботӣ фаъолияти худро боз ҳам дучанд намоянд.
Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҷойҳои ҷамъшавии шумораи бештари шаҳрвандон, ҳавзаҳои интихоботӣ ва участкаҳо барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он, рӯйхати номзадҳои пешниҳоднамудаи ҳизб, варақаҳои ташвиқотию тарғиботии ҳизб ва тақвимҳо насб карда, мардумро бештар огоҳ бояд кард.
Имрӯз Ситоди пешазинтихоботи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолияти худро ба таври густурда ба роҳ мондааст ва боварӣ дорем, ки дар такя ба нерӯи олимону зиёиён, рӯзноманигорони варзида, ҷавонони лаёқатманд, занони барӯманд ҷиҳати омӯзиш, таҳлили афкор ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ, оид ба самтҳои асосии фаъолияти таблиғотиву тарғиботӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ, гурӯҳҳои занону ҷавонон ва собиқадорон корбарӣ хоҳанд намуд.
Номзадҳои пешбаринамудаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ аз ҳар ҷиҳат арзанда буда, дар ҳолати пирӯз омадан дар интихобот метавонанд барои пешрафту тараққиёти мамлакат ва ба зиндагии шоиста ноил гардидани сокинон саҳмгузор бошанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода оид ба интихоботи дарпешистода ва нақши аъзои ҲХДТ дар ташкилу баргузории он ибрози андеша карда, баҳри дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ - Интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҳизб, саҳми арзанда дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва натиҷаҳои назаррас дар соли сипаришуда якчанд нафар аъзоёну фаъолон дар қисмати ташкилии маҷлис бо Сипоснома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бо вазифагузориҳои дигар ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...