24 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд собиқадори меҳнат ва оилаҳои ниёзмандро аёдат намуд.
Раиси вилоят ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, профессор Назирҷон Турсунов омада, ба аҳли оилаи номбурда кӯмакҳои моддӣ расонид.
Зимни суҳбат бо таърихшиноси номӣ карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат хизматҳои арзандаи собиқадоронро ҳамеша қадр мекунад ва онҳо зери ғамхории давлат қарор доранд.
Раиси вилоят сипас аз ҳоли ду оилаи ниёзманд хабар гирифт ва ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Аёдатшудагон барои ғамхориҳои доимӣ ба роҳбарияти олии мамлакат миннатдории худро изҳор доштанд.