24 Январ 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони иншооти соҳаи маориф шинос гардид.
Зимни шиносоӣ бо сохтмони бинои иловагии гимназияи №4 ба масъулин дастур дода шуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода омода намудани иншоот чораҷӯӣ намоянд.
Бояд таъкид кард, ки бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби ширкати ватании “Тоҷ-сохтмон”, ки таҷрибаи хуби хонасозиро дорад, бунёд карда мешавад
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ баён гардид, барои фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар маҳаллаҳои 6-7 ва 26-уми шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои супориши зикршуда сохтмони се кӯдакистони замонавӣ идома дорад, ки дар натиҷа наздик 800 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.
Аснои шиносоӣ бо рафти корҳо роҳбари вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ минбаъд низ ба нақша гирифтани сохтмони бинову иншооти соҳаи маориф ба масъулин супоришҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят сохтмон ва васлу насби таҷҳизот дар корхонаҳои нави ҶДММ «Дороинвест», «Афранг пластик» ва «Тоҷпанел» -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои сари вақт ба охир расонидани корҳо ба муассисон супоришҳо дод.