(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи хурди Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки директори маркази солимии репродуктивии вилоят, намояндагони таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1 сардухтурони марказҳои саломатии шаҳр, директори Маркази тарғиби тарзи ҳаёти солими шаҳр, табибони амрози занона, раисони шурои занони маҳаллаҳои шаҳр ва дигарон мизи мудаввар доир ба солимии модару кӯдак баргузор гардид.

Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати хоса зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳими иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар робита ба ин як қатор барномаҳои давлатии соҳавӣ ва стратегияҳо қабул гардидаанд, ки барои солимии аҳолӣ нигаронида шудааст.
Мизи мудаввари имруза бо мақсади татбиқ ва табдирҳои таъмини Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 418 «Дар бораи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» доир гардида истодааст.
Барномаи мазкур ҷиҳати беҳбудии сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои солимии репродуктивӣ, солимии модару кӯдак, саломатии модарон ва навзодон, кудакону наврасон ва ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар заминаи фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Ҳадафи барнома тарғиби таваллуди фарзанди солим, бо риояи фосилаи байни таваллуд, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, таҷҳизонидан бо техника ва технологияи муосир барои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи контрасептивӣ, омузонидани кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти солимии репродуктивӣ, таҳияи маводи иттилоотию маърифатӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ мебошад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар директори маркази солимии репродуктивии вилояти Суғд Раъно Меҳмонова, корманди таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд Наргис Ҳасанова ва дигарон маърӯза намуданд.
Таъкид шуд, ки солимии модарон, навзодон, кӯдакон ва наврасон моҳияти муҳимро доро буда, воситаи муҳими рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Тавре мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, омилҳои боиси пайдо шудани нуқсонҳои модарзодӣ мегарданд инҳоянд: Якум, омили генетикӣ, яъне никоҳи хешутаборӣ, ки ба паҳншавии нуқсонҳои модарзодӣ оварда мерасонад. Дуюм, омили бемориҳои сироятӣ мебошад. Агар модар ё падар дорандаи бемориҳои сироятии ситомегаловирус, вируси одии герпесӣ ё токсоплазмоз бошад, метавонад сабаби пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ гардад. Сеюм, омили ғизои модар мебошад. Норасоии йод, туршии фолат, вазни зиёд ё ин ки ҳолати диабети қанд ба якчанд нуқсонҳои модарзодӣ вобастагӣ доранд. Масалан, норасоии туршии фолат хатари таваллуди кӯдакро бо нуқси найчаи асаб зиёд мекунад. Чорум, омили экологӣ, таъсири организми модар ба моддаҳои кимиёвӣ, инчунин ба доруҳо ва риоя накардани ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Аз ин сабаб аз тамоми ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз оиладоршавӣ аввал андешаи оянда ва фарзандони солимро кунанд. Иқдоми пеш аз оиладоршавӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон ба фоидаи кор буда, сол то сол сатҳи пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ дар батни модарон кам мегардад.
Табибони тибби оилавӣ ва табибони амрози занона ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки сатҳу сифати хуби хизматрасониро барои аҳолӣ ба роҳ монанд. Корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ва скринингҳои давраӣ, ки дар байни занҳои ҳомиладор гузаронда мешавад, ба хотири дарёфт намудани нуқсонҳои модарзодӣ ва сари вақт қатъ намудани ҳомиладорӣ равона мегардад.
Мизи мудаввар бо мубодилаи афкор ҳусни анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...