20 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Мактаби санъати бачагонаи №4 ба номи Шарофиддин Сайфиддинови шащри Хуҷанд оид ба шарҳ ва тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҳамоиш баргузор гардид.
Директори мактаби санъати бачагонаи №4 ба номи Шарофиддин Сайфиддинов Иброҳимҷон Шокиров ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, оид ба рӯйдоди муҳими сиёсӣ будани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28.12 соли 2024 баргузор гардид, сухан намуд.
Сипас директори Хона – осорхонаи этнографии “Эргашбойбачча” – Набӣ Ҷӯразода баромад намуда, дар бораи нуқтаҳои муҳими дар Паём зикргардида, аз ҷумла оид ба соҳаи фарҳанг ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ баромад намуд.
Директори мактаби санъати бачагонаи №1 ба номи Лоиқ Шералӣ – Дилором Маллаева доир ба нақши бонувону занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин омӯзгорони муассиса дар дастовардҳои ҳунариву эҷодӣ муфассал баромад намуд.
Дар охир профессори факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Султоналӣ Худойбердиев доир ба ҳунарҳо ва мероси аз ҷониби ташкилоти ЮНЕСКО пазируфташудаи халқи тоҷик, ки зери дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат амалӣ гардидааст, муфассал суханронӣ намуд.
Ҷамъомад дар сатҳи баланди ташкилӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фазои сулҳу суботи комил ва дастоварҳои мардуми сарбаланди Тоҷикистон соҳибистиқлол доир гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд