17 Январ 2025
Дар толори Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳии кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолон ҷаласаи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2024 баргузор гардид.
Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолонро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2024 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2025 муайян карда мешаванд.
Сипас, Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2024 маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки дар соли сипаригардида Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, инчунин супоришҳои Раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешид.
Иттилоъ дода шуд, ки шаҳри Хуҷанд, яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад.
Натиҷаи чораҳои андешидашуда сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомада имкон дод, ки дар ин давра 48 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 966 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 36,5 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 306 адад расонида шавад.
Инчунин, ин нишондиҳанда ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвияти соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ саҳми босазо гузошта истодааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 2 млрд. 30,4 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 119,3 миллион сомонӣ ё 8,3 дар сад афзоиш ёфта, аз ин миқдор ба маблағи 416,0 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 19,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 105,0 фоизро ташкил дода, он барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи устувор гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 110 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 894,0 миллион сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 81,1 миллион сомонӣ зиёд ё 110,0 фоизро ташкил додааст.
Шумораи корхонаҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд маҳсулот истеҳсол карда, 32 адад зиёд шуда, теъдоди онҳо ба 239 адад расидааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар ин давра аз шумораи умумии маҳсулотҳои истеҳсолшуда 113 номгўи маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм зиёда аз сад фоиз таъмин шудааст.
Корҳои амалигашта имкон дод, ки шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 7,1 фоиз кам шуда, дар натиҷаи чораҳои амалигардида 1 адад корхонаи ҶДММ “Оҳанкор” ба фаъолият оғоз намуд.
Дар масъалаҳои шуғлнокии ин соҳа низ пешравиҳо ба назар расида, бояд қайд намуд, ки шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 657 нафар ё 10,5 фоиз зиёд шуда, музди миёнаи маоши кормандони соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 70,8 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Вазифаҳои сархаттии стратегияи рушди кишвар аз рушди соҳаи энергетика ва самаранок истифодабарии нерўи барқ вобастагии калон дорад. Чораҳои амалигашта дар ин самт нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳр ба миқдори 760,7 миллион кВт/соат нерўи барқ ба маблағи 333,6 миллион сомонӣ интиқол карда шудааст. Маблағи пардохти умумии он 319,7 миллион сомонӣ ё 95,9 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 137,9 миллион сомонӣ ё 95,1 фоизро ташкил менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани тарзи нави интиқоли биллингӣ ба муштариёни шаҳр талафоти нерўи барқ то 7,2 фоиз поён рафтааст.
Ҷамшед Набизода гуфт, ки дар натиҷаи чораҳои судманди андешидашуда дар самти муносибатҳои бурунмарзӣ, шаҳри Хуҷанд бо 16 шаҳрҳои хориҷии дуру наздик солҳои тўлонӣ робитаҳои иқтисодию фарҳангии бародаршаҳрӣ дорад. Ҳамкориҳои мутақобилаи ин самт, нишон дод, ки дар натиҷаи ташрифи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ ба ин кишварҳо барои рушду такомули соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва соҳибкорию ташаббускорӣ заминаи мусоид гузошта истодааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки самти сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ яке аз рукнҳои пурсамар барои такомули иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода дар давраи ҳисоботӣ 54,2 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.
Тақвияти нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ имкон дод, ки дар соли ҳисоботӣ нақшаи буҷети шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардад.
Таъкид шуд,ки дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир нақшаи буҷети умумии шаҳр ба андозаи 112,2 фоиз ё 778,2 миллион сомонӣ зиёд таъмин гардидааст.
Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, ба ҷои 311,7 миллион сомонии пешбинигардида, 335,0 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки он дар муқоиса бо нақшаи пешбинигардида ба маблағи 23,3 миллион сомонӣ ё 7,5 дар сад зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети шаҳр бо назардошти тағйиру иловаҳояш 99,1 фоиз таъмин гардида, дар ин давра барои пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 192,1 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин 58,0 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ин ҳисоб қарздорӣ ва ё қафомонии пардохти музди меҳнат ҷой надорад.
Ҷамшед Набизода афзуд, ки ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ тақвияти рўзафзун дода шуда, дар шаҳр бо истифода аз тамоми имкониятҳову захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Боиси зикр аст, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 360 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, то имрўз 725 адади онҳо бунёд карда шуда, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 76 фоизро ташкил медиҳад.
Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдшуда, 319 адади он ба соли ҳисоботӣ рост омада, аз онҳо 54 иншоот дар соҳаи саноат, 18 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 6 иншоот дар соҳаи маориф, 21 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 2 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 166 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 1 бинои маъмурӣ, 25 бинои истиқоматӣ, 25 адад иншотҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ва 1 иншооти гуногун бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2024 дар доираи сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла: Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё”, “Ситораи тоҷ”, “Лидер”, “Корхонаи инноватсионии Само”, коргоҳи нави истеҳсоли гўшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун”, корхонаи дўзандагии Тоҷикистону Корея “Ориён Ҷей Текстайл”, корхонаи “Сайри Суғд”, клиникаи оилавии Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди “1+1”, Маркази тиббию ташхисии “Микролаб”, шуъбаи тиббии Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахш барои кўдакони шўъбаи ҷарроҳии асаб ва Маркази нейрокардио эндоҷарроҳии “Луқмони Ҳаким” иштирок варзида, ҳусни оғоз бахшиданд, ки онҳо баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба дигар самтҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумоти муфассал дод.
Сипас, Фирдавс Шарифзода Раиси шаҳри Хуҷанд аз муовинони сарпарасти соҳаҳои мухталфи шаҳрдорӣ доир ба самтҳои фаъолият пурсиш ба амал оварда, ба масъулини ободонӣ, саноат ва сохтмон ҷиҳати таҷдиди назар намудани нақшаҳои самти фаъолият, суръатбахшии корҳои ободонию хуррамгардонӣ, бакорандозии иқтидорҳои мавҷуда, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ҷоринамоии технологияи муосир, баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дод.
Дар ҷараёни ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода, баромад намуда, роҷеъ ба соҳаҳои дахлдори шаҳрдорӣ изҳори назар намуда, барои ислоҳи камбудиҳо масъулини дахлдорро муваззаф намуданд.
Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки натиҷаҳои назарраси нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии давраи ҳисоботӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ноил гашта, дар натиҷа бо азму ташаббускории сокинон, соҳибкорон ва фаъолони шаҳр рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин шудааст. Кулли сокинони шаҳр дар соли ҷорӣ низ, бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои бо дастовардаҳои назаррас ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.
Дар охири ҷаласа як қатор фаъолон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд