(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки бонувони фаъоли шаҳр баргузор шуд.

Нахуст, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Манучеҳра Кенҷазода ҳисобот оид ба фаъолият дар соли 2024-ро ироа намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2024 фаъолияти хешро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилоят ва Раиси шаҳр, Барномаҳои давлатии марбут ба соҳа ва нақшаи корӣ ба роҳ монд.
Ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва бештар намудани ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ боз намуд.
Имрўз дар шаҳри Хуҷанд 205 ҳазору 900 нафар аҳолӣ буда аз ин 101 ҳазору 400 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳад, ки аз он 55 ҳазору 488 ҷуфташон оила мебошанд.
Дар асоси “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои “2022-2030”, ҳамасола курси 3 моҳаи “Зан-роҳбар” дар назди шўъбаи кор бо занон ва оила баргузор мегардад, ки то ин дам 200 нафар занону бонувон онро хатм намуда, соҳиби “Гувоҳнома” гардиданд.
Соли ҷорӣ низ курси 3-моҳаи “Зан сарвар”-и назди шуъбаи кор бо занон ва оила баргузор гардида курси мазкур санаи 10 декабр бо тантана ҷамъбаст карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки шунавандагони курси мазкур аз ҳисоби ҷонишинони директорони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд.
Дар асоси мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузор намудани даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид. Озмун дар асоси “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2030 бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, баланд бардоштани обрўву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошта, инчунин ҳавасмандгардонии занон-хизматчиёни давлатӣ баҳри фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон – хизматчиёни давлатӣ баланд бардоштани ҳисси ватандўстию ифтихори миллӣ, таъмини хуқуқу манфиатҳои занон доир гардид.
Дар Озмун беш аз 14 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ширкат варзиданд.
Дар ҷамъбасти озмуни “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” аз рўи бахшҳои зикргардида 3 нафар ғолиб муайян карда шуда, ба даври озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибону иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар Озмуни мазкур бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, суҳбату корҳои тарғиботӣ доир карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят ва Раиси шаҳр оид ба баргузории суҳбату вохўриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва мактабҳои миёнаи умумӣ ва маҳаллаҳои шаҳр ҷиҳати пешгирии пошхўрии оилаҳо, ҷиноятсодиркунӣ, худкушӣ ва сўиқасд ба ҷони худ, пўшидани либоси бегона, пешгирии таваллуд дар хона, нишасти занҳои аз сафари ҳаҷ баргашта дар тарабхонаҳо, нишастҳои беасоси занҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа аз санаи 1-март то имрўз дар маҳаллаҳои Чорчароғ, 1-Май, Сари Баландӣ, Қ.Қурбонов, Мевағул, С.Ҳофиз, Ваҳдат, Бофанда, Масҷиди Савр, Навбаҳор, Раззоқ, Тути калон, Сирдарё, Чашмаи Арзана, Тиллокон, Шарқ, Хуҷанд, Дўстии халқҳо, Ҷ.Расулов ва дар муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иҷтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд вохўрӣ бо сокинону донишҷўён, омўзгорону хонандагон баргузор гардида истодааст. Дар вохўриҳо масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила, собиқадорони меҳнат ва фаъолзанон иштирок ва баромад намуданд.
Бо мақсади татбиқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 20 январи соли 2024, № 22 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27 феврали соли 2024, № 106 «Дар бораи таҷлили Рўзи Модар» як қатор тадбирҳо амалӣ гардид.
Сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо таҳкими нақш ва мақоми занону модарон дар ҷомеа, чунин корҳоро ба сомон расонид.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ, чорабиниҳои адабию-фарҳангӣ, маҳфилҳо, соатҳои тарбиявӣ дар мавзуи “Модар - неруи бузургу пешбаранда”, “Модар олиҳаи ҳастӣ”, “Ҷаннат зери қудуми модарон аст”, “Зан олиҳаи ҳусну малоҳат ”, “Кадбонуи беҳтарин”, «Модар фариштаи осмонист», «Модар-тоҷи офариниш», «Модар дурдонаи меҳру муҳаббат», «Модар меҳвари муҳаббату садоқат аст», “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”, «Сарчашмаи рўзгори одам-Модар», «Рамзи ишқи ҷовидонӣ, Модар аст», «Қалби пурэҳсоси Модар зинда бод!» доир гардиданд, ки онҳо аз нақшу мақом, рисолати азалии Зан-Модар бозгўӣ мекунад.
Кенҷазода Манучеҳра доир ба дигар самтҳои фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дод.
Дар музокираи ҷаласа мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Нигина Рустамзода, сардухтури таваллудхонаи шаҳрӣ Муқаддасхон Ёқубова, профессор Умеда Ғаффорова, муовини сардухтури беморхонаи шаҳрии №1 Саодатхон Аминҷонова ва дигарон баромад намуданд.
Дар маҷмуъ фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусбат арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои ҷоннок намудани раванди фаъолият дар соли 2025 муайян мушаххас карда шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа барои ҳамкориҳои судманд ба як қатор бонувони фаъол Сипосномаҳо тақдим гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...