08 Январ 2015
Ҳамчунин таъкид гардида буд, ки нақшаи тарҳу усул ва шинондани навъҳои гуногуни гулҳои ороиширо таҳия намуда аз моҳи январ корҳои омодагиро барои гулзоркуниии маркази вилоят шурӯъ намоянд.
Бо ин мақсад Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ширкатҳои туркии «Буюкфиданч-илик», Дурусу финдан-илик, «Асия лала» Тоҳир Саидзода, Темир Гумуш, Саваш Байрактарро қабул намуд. Намояндагони ширкати мазкур барои ҳамкорӣ дар самти гулзоркунии боғу гулгаштҳои шаҳр дар тамоми фаслҳои сол омодагии худро изҳор намуда, намунаҳои ороишии майдону боғҳои худро бо гулҳои ороишӣ ва тарҳҳои гуногун муаррифӣ намуданд.
Тибқи нақшаи омодагашта бояд Боғи фарҳангии ба номи К. Хуҷандӣ ва хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ба фасли баҳор бо тарҳу усули муосир гулпӯш карда шаванд.