(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамаи мо хуб медонем, ки шурӯъ аз соли 2000 – ум инҷониб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвар паём ироа менамоянд. Паёми Сарвари давлат барномаи амал ва ҳидоятнома барои зиндагии ростини тамоми мардуми кишвар аст. Зеро он фарогири тамоми фаъолияти хоҷагии халқи кишвар аст.

Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад.
Нуктаи меҳварии Паёми навбатӣ ин пеш аз ҳама таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардумро фарогир буда, Пешвои муаззами миллат бо таҳлили амиқ, овардани далелҳои зиёд вазифаи аҳли ҷомеа, хоса роҳбарону масъулинро то таҷлили ҷашни шукуҳманди 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ муайяну мушаххас намуданд.
Сарвари давлат бо эҳтиром ва самимияти хос аз ваҳдату ҳамгироӣ, меҳнатдӯстиву меҳанпарастии халқи азизи кишвар ёд оварда, таъкид доштанд, ки дар ҳама гӯшаву канори мамлакат раванди ободкориву созандагӣ вусъат гирифта, муҳим он аст, ки дар тинати шаҳрвандон ҳисси зебоипарастӣ, сидқан дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, ҳиссаи сазовор гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ марҳила ба марҳила зиёд мегардад. Танҳо дар се соли охир аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси мамлакат беш аз 20 миллиард сомонӣ барои ободии диёр хароҷот карда шудааст, ки бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад.
Воқеан бо тадбирҳои хирадсолоронаи Пешвои муаззами миллат дар фосилаи 33 соли соҳибистиқлоли хоҷагии халқи кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, сатҳи некӯаҳволии халқ зина ба зина боло меравад. Натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас аст, ки даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст. Яъне, сол аз сол сабади истеъмолии мардум зиёд ва сатҳи зиндагӣ рӯ ба пешрав аст.
Ба андешаи Пешвои муаззами миллат ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои боз ҳам боло бурдани вазъи иқтисодии мамлакат таккони бузург мебахшад. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ бояд тафаккури ҷавононро куллан дигар кард. Яъне, имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки аз сатҳи зинаҳои томактабӣ то муассисаҳои олии касбӣ мо наврасону ҷавононро барои омӯхтани илмҳои бунёдӣ, техникаву технологияҳои нав талқин намоем. Бесабаб нест, ки Роҳбари давлат ҳанӯз соли 2010 дар кишвар соли фарҳанги техникӣ эълон намудаанд. Мақсади давлат ва Ҳукумати кишвар бо бунёди 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пеш аз ҳама тарбияи кадрҳои соҳибтахассуси соҳа аст, ки пешрафти кишварро дар ояндаи наздик таъмин намояд. Сол аз сол теъдоди ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилмекарда низ меафзояд. Аммо воқеияти рӯз нишон медиҳад, ки тадбирҳои роҳандозишуда барои ташаккули зеҳнии ҷавонон, рӯ овардан ба навовариву ихтироъкорӣ чандон қанотманкунанда нест.
Роҳбари давлат андешмандона дар ду мулоқоти қаблӣ низ бо аҳли зиё, олимону кормандони соҳаи маориф ва илм ба ин масъала рӯ оварда аз устодон, олимон, муҳаққиқони соҳа даъват ба амал оварданд, ки фурсате даррасида, ки аз илм ба амалия гузарем. Ҳатто мисол ҳам оварданд, ки давлатҳои аз лиҳози нуфуз кам ва ҷуғрофӣ хурд бо инқилоби зеҳнии хеш дар олам бо иқтисоди пешрафта ном баровардаанд. Яъне, фурсате омадааст, ки мо ба барномасозони муфаффақи хеш долони васеъро боз намоем. Ҳар нерӯи зеҳниро самаранок истифода барем. Паркҳои технологии дар назди муасиисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ фаъолиятдоштаро бо навтарин таҷҳизотҳо ҷиҳозонем ва ҷавонони рақамиро омода созем.
Дигар аз даъватҳои некбинонаи Роҳбари давлат ин пеш аз ҳама таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи дониш, одобу ахлоқ, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон аст. Ҳамаи мо хуб огаҳем, ки имрӯз бинобар мағзшӯӣ, тарғиби фарҳанги бегона, бо истифода аз камдонишии ҷавонони мо қувваҳои иртиҷоангез чи гуна ҷавонро ба доми фиреб дароварда истодаанд. Манқуртсифатон на арзиши ватандорӣ доранду на арзиши инсонӣ. Барои онҳо иҷрои супориши хоҷагонашон болотар аз меҳру муҳаббати волидон аст. Дар муқобили ин ҳама носипосиҳо, ки иддае аз фарзандони миллат ба хотири манфиатҳои шахсӣ арзишҳои миллиро паст мезананд, Пешвои муаззами миллат бо чунин ҳарфҳои роҳнамоӣ дар Паём таъкид доштанд: “...хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.
Мо борҳо шоҳид шудаем, ки Президенти мамлакат бо як ҷаҳон эҳтиром занону бонувонро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон унвон карданд. Воқеан ҳам мардон бо ин қадар бузургиву босалобати дар назди фарзандон мисли модарон меҳри афзоянда надоранд. Зеро тифл худро дар домони поки модар мешиносад. Ӯ медонад, ки модар дар баробари офарандагӣ ҳисси бузурги бахшояндагиро дорад. Барои ҳамин масъулияти бонувон дар назди халқу миллат зиёд аст. Ва Роҳбари давлат чун шахси заршинос ҳамеша қадри занро дар ҷомеа болотар аз ҳама чиз медонанд. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Ин рақамҳо бозгӯи гуфтаҳои болоиянд. Танҳо мо – бонувонро мебояд, ки ба қадри ин ҳама таваҷҷуҳ бирасем ва наслеро бояд тарбия намоем, ки барои ин миллат нафъовар бошад. Барои расидан ба мақсадҳои наҷиб моро мебояд, ки аз ҳар вақта дида иттиҳоду сарҷамъ, ватандӯсту меҳроин бошем. Ободиро аз хонаву дари худ оғоз намоем. Ба ҳар омадаву рафта нигоҳи тоза дошта бошем. Ба миллату роҳбари худ содиқ, наздик ба аслу ошноӣ ва аз фарҳангу тамаддуни хеш огаҳ бошем. Ин аст оини ватандорӣ, ифтихор аз миллати соҳибқирони тоҷик.

Муяссара Қаҳҳорӣ
муовини Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...