30 Декабр 2024
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба бинои иловагии МТМУ №14-и шаҳр санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос барои синфхонаҳои иловагии МТМУ №14-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури аҳли таълимгоҳи номбурда изҳор дошт, ки алъон дар ҳудуди вилоят бинобар афзоиш ёфтани аҳолӣ бунёди ҳамасола 60 адад мактаби нав ва 60 адад кӯдакистон бунёд карда мешавад ва ин иқдомот то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Хушбахтона ин иқдоми Давлату Ҳукуматро соҳибкорон, аҳолӣ ва шахсони алоҳида дастгирӣ намуда, дар бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми муассир гузошта истодаанд.
Роҳбари вилоят гуфт, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, сол ба сол масъалаи мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар макотиби вилоят аз байн бурда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди бинои иловагӣ ин муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1100 нафар хонанда дар як баст то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Иқдом ва сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби 5 адад ширкатҳои ватании “Ҳамдастӣ-2013”, “Дурахшони Осинот”, “Кохи Истиқлол”, “Авесто гуруҳ” ва “Фараҳ” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро доранд, амалӣ карда мешавад.
Бо дуои собиқадорони соҳаи маорифи шаҳр ба сохтмони бинои иловагии МТМУ №14-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд