30 Декабр 2024
Субҳи имрӯз дар тарабхонаи “Wall Steet»-и маҳаллаи “Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ба 46 нафар ятимони кулли шаҳри Хуҷанд аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастархони идона ташкил ва туҳфаҳои солинавию маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 46 нафар ятимонро бо Соли нави мелодии 2025 табрику таҳният гуфта, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.
Таъкид шуд, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ба онҳо пайваста кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Ҳамзамон имрӯз ятимон барои таҳсилу фаъолият аз имтиёзҳо баҳравар ҳастанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки дастгирии ятимону бепарасторон зери ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва давлат намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ кунанд.
Дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва фароҳам овардани шароит барои омӯзиш имрӯз ҳавасмандии ин гурӯҳи наврасонро барои таҳсили намунавӣ ва оянда хизмат кардан ба нафъи давлату миллат афзун гардонидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд