29 Декабр 2024
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кормандони ин ниҳоди муҳими сохтори низомиро бо Соли нави меодии 2025 табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки сокинони шарафманду соҳибхиради Хуҷанди бостонӣ бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил таҳти роҳнамоӣ ва таваҷҷўҳи доимии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли сипарӣ баҳри саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаю арзандаи ҳар сокини шаҳрамон корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон аз 28-уми декабри соли 2024 пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025- 2030 «Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат назди кулли ҳамватанон, аз ҷумла, хуҷандиён вазифаҳои бузург ва масъулияти навро вогузор намуд. Аз ин лиҳоз, аз рўзҳои аввали соли нави фарорасида, мо бояд баҳри амалӣ гардидани он заминаҳои мустаҳкам гузорем.
Мо ба нерўи созанда ва бунёдкорона, таҳаммулгароиву заҳматқаринии мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанд такя намуда, умед ба он мебандем, ки шумо тамоми имконияту дониши хешро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, пешрафту тараққиёт, ҳифзи дастовардҳо ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар хоҳед намуд.
Таъкид шуд, ки оташнишонӣ аз зумраи камтарин касбҳоест, ки аз соҳибкасб қаҳрамониву корнамоӣ ва нотарсиву далерӣ талаб мекунад. Намояндагони ин касб инсонҳоеянд, ки ҳамарӯза баҳри наҷоти ҷону амволи дигарон ҳаёту саломатии хешро зери хатар гузошта, бо оташ ҳамвора дар набарданд.
Дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодии 2025 фаъолияти ин ниҳод боздучанд гардида,аз онҳо масъулиятнокӣ ва зиракиву ҳушёриро тақозо месозад.
Новобаста ба рӯзҳои иду ҷашнҳо кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар ҷойи кор ҳозир буда, тамоми шабонарӯз дар хизмати мардуманд.
Айни ҳол дар қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хуҷанд 78 нафар кормандон бо 13 техникаҳои махсус шабонаруз дар хизмати мардуманд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба кормандони қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои соли навӣ, либосҳои махсус ва маводи ғизоӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ тақдим кард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд