07 Январ 2015
Дар расми оғози бунёди ин иншоот Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок намуданд. Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба 10 нафар нозирони минтақавӣ барои фаъолияти пурсамараашон дар соли сипаригашта тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Бинои иловагии шӯъбаи номбурда иборат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, толори варзишӣ маҷлисгоҳ ва чанд имкониятҳои иловагӣ баро фаъолияти пурсамари кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён супориш дод,ки бинои нав бояд то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 мавриди истифода қарор гирад. Раиси шаҳри Хуҷанд ва Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз шароити ко рва фаъолияти кормандони шӯъбачаи Бозрасии давлатии автомобили шаҳри Хуҷанд низ дидан намуда, аз имконият ва шароитҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Иншооти мазкур бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд хоҳад ёфт.