27 Декабр 2024
Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълиии шаҳр баргузор гардид.
Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар замони Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки яке аз далелҳои иҷтимоӣ будани давлат ин аст, ки сиёсати роҳбарияти олии он ба фароҳам овардани шароит барои шаҳрвандон бобати гирифтани таълим ва тарбия равона мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори мамлакатҳое қарор дорад, ки гирифтани маълумоти пурраи миёна барои шаҳрвандони он ҳатмӣ мебошад. Зиёда аз ин, Ҳукумати мамлакат бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имкониятро фароҳам овардааст, ки намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеа дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ба таври ройгон маълумоти миёнаи ҳатмӣ бигиранд.
Тибқи меъёрҳои умумибашарии қабулгардида, яке аз муҳимтарин бахши сиёсати иҷтимоии ҳукумат маориф ба шумор меравад. Хушбахтона, Ҳукумати мамлакат давоми даҳ соли охир барои рушди соҳаи маориф ва минбаъд рушди саросарии мамлакат дар самти саноат, иқтисод, истеҳсолот, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳама тадбирҳои заруриро муваффақона амалӣ мекунад. Сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф барои давлату миллати тоҷик самараи нек ба бор меорад.
Сипас, директори МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Муҳаммадзода дар мавзуъи “Муносибати босалоҳият ва роҳҳои татбиқи он дар муассисаҳои таълимӣ” маърӯза намуд. Таъкид шуд, ки татбиқи ислоҳоти мундариҷа ва муносибати таълим дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки яке аз нақшаҳои муҳим ва мураккаби «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020» маҳсуб меёбад, аз ибтидои соли таҳсили 2016 — 2017 оғоз гардид. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷат ва адабиёти методиро барои ислоҳот таҳия, нашр ва даст¬рас гардонид, ки дар асоси он омӯзгорон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим, аслан, падидаи нав нест. Он ҳанӯз дар оғози рушди бонизоми назарияҳои илмии педагогӣ ба вуҷуд омада, давраҳои гуногун дар бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода шудааст. Он омӯзгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усулҳои замонавии таълиму тарбия хонандагонро ҳаматарафа ба зиндагӣ омода намоянд. Зеро ҷомеаи имрӯз аз мактабу маориф шогирдони ботаҷриба, дорои қобилияти ҳалли проб¬лемаҳои мураккаби ҳаётӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо дорад. Ҳамчунин, дар шароити талаботи бозори меҳнати рушдёбанда ва муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра, афзудани китобхонаҳои электронӣ, адабиёти тозанашр, шабакаҳои интернетӣ, радио, телевизион ва дигар расонаҳои иттилоотӣ, мусаллаҳ будани хонанда танҳо ба дониши ба истилоҳ «академӣ» (назариявӣ) кифоя набуда, таваҷҷуҳи бештар ба татбиқ ва истифодаи он дар амал, дар зиндагии рӯзмарра яке аз муҳимтарин роҳҳои иҷтимоишавии кӯдакон ва ноил гардидани онҳо ба натиҷаҳои ниҳоӣ арзёбӣ мегардад.
Мақсади асосии татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим ба ташаккули механизми татбиқи дониши назариявӣ дар амал, таъмини раванди ташаккули шахсӣ, мутобиқ гардидан ба шароити нав, инкишофи худмуҳофизаткунӣ, худтарбиядиҳӣ, худтакмилдиҳӣ ва дигар хусусиятҳое нигаронида шудааст, ки ба рушди шахсияти комил дар самтҳои ҷустуҷӯйи дастҷамъона ва фардии дарёфти роҳҳои рушди салоҳиятҳои ҳалли проблемаҳои фаъолияти таълимӣ, дарки сабабҳои рӯйдодҳои воқеии ҳаётӣ, моҳияти ҳодисаҳои табиат ва робитаи байниҳамии онҳо, омода намудани хонандагон ба дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаҳои асосии ҳаётӣ, омӯзиши роҳҳои равона намудани фаъолияти хонандагон ба дунёи арзишҳои маънавӣ, омӯзонидани роҳҳои ҳалли проблемаҳои алоқаманд бо амалигардонии масъалаҳои муайяни иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаҳои интихоби касб ва ғайра мусоидат менамоянд. Инчунин, мақсади асосии муассисаи таълимӣ дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим, пеш аз ҳама, таъмини рушди тафаккур ва амалиёти ба он нигаронидашудаи самарабахши хонандагон дар раванди таълим мебошад. Рушди тафаккур, асосан, тавассути амалҳои муҳимтарини фаъолият, аз ҷумла, фаъолиятҳои таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ, созандагӣ, идоракунӣ ва амсоли онҳо амалӣ гардида, ба худмуайянкунии шахсият мусоидат менамояд. Муҳимтарин шарти раҳоӣ ёфтан аз мушкилот дар ҷаҳони муосир доштани маълумот оид ба методи илмии дарки олам ва рушди тафаккури таҳқиқотӣ мебошад. Ҷустуҷӯйи далелҳо аз муҳити атроф, таҳлил ва муқоиса намудани онҳоро ҳар як инсон, новобаста ба касб бояд дар сатҳи зарурӣ тавонад. Он, пеш аз ҳама, тавассути омӯзиш ва истифодаи технологияи нави педагогӣ, бахусус, дар самти дарк ва татбиқи натиҷаҳои дониши назариявӣ ба даст меояд.
Доир ба мавзуъи матраҳгардида мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сипас, мудири шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз раванди баргузории маҳфилҳои "Ҳаваскорон", "Дастони моҳир" ва "Рӯзгордорӣ" аз наздик шинос шуданд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона таҳти унвони “Тоҷикистон-хонаи умеди ман” табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд