27 Декабр 2024
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияро ҳусни оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно сохт.
Дар баррасии масъалаи якуми рўзнома «Ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 11 моҳи соли 2024» шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми 11 моҳи соли ҷорӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бармеояд, инчунин тибқи иҷрои нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои муассирро роҳандозӣ намуд.
Дар ин раванд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои асосии ҳуҷҷати “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даври то соли 2030” чораҳои судманд андешида шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, дар самти татбиқи чор ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръат, илова бар ин, суръатбахшии самти шуғли пурмаҳсул тамоми имкониятҳо истифода шуда истодааст.
Бо мақсади сазовору назаррас ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ ва сохтмону шаҳрсозӣ, дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва инкишофи ҳунарҳои мардумиро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор дод.
Натиҷаи ин фаъолияти пурмаҳсул буд, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳамаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр нисбат ба ҳамин даври соли сипаригашта сифатнок ва пурраю барзиёд таъмин гардид.
Новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ба сатҳи иқтисодиёт, дар раванди истифодаи самараноки захираю манбаъҳои буҷетӣ, инчунин хароҷоти мақсаднок ва роҳ надодан ба маблағгузориҳои дуюминдараҷа корҳои мушаххас андешида шуданд.
Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ даромади умумии буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 633,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрои амалии он ба маблағи 704,9 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 71,2 миллион сомонӣ зиёд ва ё 111,2 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин даври соли сипаригашта 103,4 миллион сомонӣ ё 17,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давр қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 284,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, амалан иҷрои он 299,4 миллион сомонӣ ва ё 105,2 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақша ба маблағи 14,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ 33,2 миллион сомонӣ ё 12,5 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон, иҷроиши буҷети иҷтимоӣ дар ин давр 245,5 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2,9 фоиз ё 6,9 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардида, таъминоти воқеии нафақаи шаҳрвандон саривақт ва пурра ба роҳ монда шуд.
Амалан иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ собит намуд, ки он бо тағйироташ 292,7 миллион сомонӣ ё 99,9 фоиз таъмин гардид.
Боис ба зикр аст, ки дар ин давр барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 213,1 миллион сомонӣ ва ё 72,8 фоизи маблағи харҷгардидаи буҷети маҳаллӣ равона карда шуд.
Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ барои музди меҳнат якҷоя бо маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 172,5 миллион сомонӣ маблағи буҷетӣ масраф гардид, ки ин 58,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ин ҳисоб қарздорӣ ва ё қафомонии пардохти музди меҳнат ҷой надорад. Музди меҳнат якҷоя бо маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ба кормандони буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пардохтгардида нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 39,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 129,4 фоизро ташкил медиҳад.
Доир ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр низ маълумоти муфассал дода шуд.
Дар музокираи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба саноат ва энергетика, коммуникатсия, шаҳрсозӣ ва нақлиёт, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Маҳастӣ, №2 – Дилафрӯз Саидӣ баромад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 360 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шуда, то имрўз тибқи 201 банд 647 адад иншоот бунёд гардиданд, ки он 68,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла дар 11 моҳи соли ҷорӣ тибқи 72 банди нақшаи чорабинии мазкур 241 адад сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти таъиноташон гуногун бунёд шуданд, ки он 126,8 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода комиссияҳои доимӣ вазифадор карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо раисони маҳаллаҳо бобати вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу маҳаллаҳои аҳолинишин бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд байни аҳолӣ корбарӣ намоянд.
Дар масъалаи дуюми рўзнома вакилон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 25 декабри соли 2023, № 276 “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2024” -ро баррасӣ намуданд.
Дар баррасии масъалаи сеюми рўзнома «Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2025», сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шўҳрат Искандарӣ баромад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи буҷети умумии соли 2024-ум 693 миллиону 805 ҳазор сомониро ташкил дода, он дар соли 2025-ум 30 фоиз зиёд шуда, яъне 901 миллиону 947 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Нақшаи буҷети маҳаллӣ бошад, дар соли 2024-ум 311 миллиону 720 ҳазор сомониро ташкил дода, он дар соли 2025-ум 25 фоиз зиёд шуда, 389 миллиону 497 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар маърўзаи иловагӣ аз рўи масъалаи мазкур муовини раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба иқтисод, молия ва идораи моликияти коммуналӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Дуредгарон, № 6 Меҳрдод Қаҳҳорзода баромад намуд.
Зимни баррасии масъалаи чоруми рўзнома “Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд барои соли 2025” иттилоъ дода шуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баррасӣ карда шудааст.
Сипас вакилон ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба одоби вакилӣ ва назорати иҷрои Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд” Манучеҳра Кенҷазодаро шуниданд.
Дар кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Таъкид шуд, ки дар соли сипаришудаистода мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро як қатор корҳоро ба сомон расонида, дар соли нави 2025 низ тамоми саъю талоши ватандўстонаашонро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан, пешрафти иқтисоди миллиамон, амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату Ҳукумат ва маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамоянд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияяро ҳусни анҷом бахшида таъкид дошт, ки вакилони халқ дар тўли 5 соли фаъолияташон баҳри амалӣ гардонидани Барномаи пешазинтихобиатон бо фаъолони маҳаллаҳои ҳавзаи интихоботӣ барои ташкил ва гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд ва ҳамеша дар паҳлўи ҳамдигар буданд.
Раиси шаҳр ҳамзамон барои дастгирии моддию маънавии оилаҳои ниёзманд аз тарафи вакилони шаҳр арзи сипосу миннатдорӣ намуда, барои фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамагон минбаъд низ баҳри ободии ин сарзамини азизамон, шаҳри бостонии Хуҷанд муттаҳидона меҳнат карда, ба сарзамини боз ҳам ободтару зеботар табдил медиҳанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд