27 Декабр 2024
Дар гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи фанни технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд. Дар машварат директори Маркази Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи шаҳри Хуҷанд Дилором Солиева ва омӯзгорони фанни технологияҳои иттилоотии мактабҳои шаҳр иштирок карданд.
Омӯзгорон Замира Бойматова ва Мутриба Қурбонова бахшида ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дарси кушоди намунавӣ барои хонандагони гимназияи №4 гузаштанд.
Замира Бойматова бо хонандагони синфи 10 дар мавзӯи “Массив-оператори -DIM” ва Мутриба Қурбонова бо муҳассилини синфи 7 дар мавзӯи “Мизи корӣ. Равзанаи ҷузвдонҳо” бо истифода аз усулҳои муосири таълим дарси кушоди намунавӣ гузарониданд. Хонандагон дар он фаъолона иштирок намуданд. Дарс ба тариқи салоҳиятнокӣ ва гурӯҳбандӣ гузаронида шуд. Дарс бо истифода аз тахтаи электронӣ, аёниятҳо, тестҳо, варақаҳо гузаронида шуд. Пас аз анҷоми дарс директори Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи шаҳри Хуҷанд Маркази ТИК Дилором Солиева бо ҳамроҳи омӯзгорон дарсрҳоро таҳлил намуданд.
Ба сифати дарси омӯзгорон Замира Бойматова ва Мутриба Қурбонова баҳои аъло гузоштанд ва дар кори ояндаи онҳо бурбориҳо таманно намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд