26 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 360 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ тамоми тадбирҳо равона карда шудаанд.
Аз сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то ба имруз 675 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 71 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 269 адади он ба соли ҷорӣ рост меояд. Аз онҳо 54 иншоот дар соҳаи саноат, 18 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 6 иншоот дар соҳаи маориф, 13 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 2 иншоти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 116 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 1 бинои маъмурӣ, 25 бинои истиқоматӣ ва 1 иншоотҳои гуногун бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Зимни боздид аз раванди сохтмони бинои нави Суди вилояти Суғд ва Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Ваҳдат, бинои иловагии гимназияи №4-и шари Хуҷанд, бинои истиқоматии баландошёнаи иҷтимоӣ дар маҳаллаи Темурмалик, сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба бинокорон ҷиҳати суръати афзоиши корҳо ва босифат анҷом додани он дастуру супоришҳо дода шуд. Ҳамчунин роҳбарияти вилоят ва шаҳр сохтмончиёнро бо Соли нави мелодӣ табрик намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд