Ба 450 нафар рўбандаю покизакорони шаҳри Хуҷанд кўмакҳои ғизоӣ ва тӯҳфахои солинавӣ тақдим карда шуд
25 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ ба зиёда аз 450 нафар рўбандаю покизакорони шаҳр кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд, таровату мунавварии шаҳр ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.
Раиси вилоят рӯбандаю покизакоронро бо Соли нав таҳният гуфта, ба хонадонашон соли суботу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ҳамаи нақшаву ниятҳои неки онҳо бо заҳмати ватандӯстонаашон амалӣ шаванд.
Рўбандаю покизакорон, ки аз кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, шакар, макарон, биринҷ, ширинӣ, тӯҳфаи соли навӣ, асали кӯҳӣ ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд