11 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиш оид ба ҷамъбасти маъракаи «16-рўзи мубориза алайҳи хушунат» таҳти унвони «Ҳаёт бидуни зўроварӣ» ва маросими супоридани Гувоҳномасупорӣ ба шунавандагони курси «Зан-роҳбар» баргузор гардид.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, ба касбомӯзиву шущли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шудааст. Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба ҳаёти занон таъсири амиқи худро гузошт. Соҳибистиқлолӣ чунин муҳитеро фароҳам овард, ки ҳар як фард бахусус занон имконияти муфиди худсозию худмуаррифиро дар ҷомеа ба даст оварда, дарк намуданд, ки онҳо низ ҳамчун як қувваи бузурги созанда метавонад саҳми худро дар бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гузоранд, рисолати ватандориро бо тамоми вуҷуди худ эҳсос ва дарк менамояд. Интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки мо бо ифтихор 25-умин солгарди онро ҷашн гирифта истодаем, ҳуҷҷати сарнавиштсозу муҳимест, ки ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар асос гузошт.
Дар ин раванд, силсилаи фармону қарор ва барномаҳои милливу давлатӣ низ ба тавсиб расиданд. Хоса, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»-ро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ дар ин масъала номбар кардан ҷоиз аст. Ҳамчунин, дар заминаи фармону қонуни фавқуззикр тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи кор бо занон аз ҷумла, Барномаи давлатии «Самтҳои сиёсати давлат оид ба таъмин ва ҳуқуқии баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тарбия, интихоб ва ҷабаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», Консепсияи рушди оила ва «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба имзо расиданд. Ин ҳама баёнгари он аст, ки бо назардошти он, ки зиёда аз 50 фоизи аҳолии мамлакатро занон ташкил медиҳанд, таъсири онҳо ба иқтисодиёту сиёсат, устувории иҷтимоӣ ниҳоят муҳим аст, давлат ба баланд бардоштани мақом ва нуфузи занон дар ҷомеа диққати махсус медиҳад.
Сипас дар ҷараёни ҳамоиш вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрўз Саидӣ, Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Матлуба Муинова ва дигарон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, маърифати оиладорӣ, нақши занон дар пешрафти мамлакат ва ғайраҳо андешаронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар натиҷаи амалӣ гаштани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатӣ зиёд шуд. Аз рўи маълумоти оморӣ имрўз дар шаҳри Хуҷанд 200 ҳазору 400 нафар аҳолӣ буда, аз ин 101 ҳазору, 100 нафар занону духтарон ташкил медиҳад, ки аз ин занони роҳбарикунанда дар шаҳр 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар занон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд, дар Маҷлиси вакилони шаҳр аз 40 нафар намояндаи мардумӣ ҳамагӣ14 нафарашон занон мебошанд, яъне 37% фоизро занҳо ташкил медиҳанд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, яке аз муовинони Раиси шаҳр зан буда, аз шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр - 6 нафар, аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ 2 нафар, дар соҳаи сохтмони меъморӣ 1 нафарро занони роҳбар ва аз 52 хизматчиёни давлатии мақомот 18 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Бояд ёдовар шуд, ки бонувони шаҳр дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ рисолати хешро дар татбиқи адолати судӣ иҷро намуда сарбаландона фаъолият бурда истодаанд. Вазифаҳои раиси суди шаҳр, судя аз 15 нафар судя – 4 нафар зан мебошанд.
Зикр гардид, ки дар ҷаҳони муосир зўроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Мушкилоти зўроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷахонӣ имрўза мебошад. Зўроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхурии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зўроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кўдак ё аъзои дигари оила бошад.
Бояд қайд кард, ки зўроварӣ дар оила масъалаи шахсии байни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбати дигар аъзои оила, натиҷаи бевоситаи нобаробарии байни марду зан мебошад.
Оила ҳамчун унсури аввалини ҷомеа эътироф шуда, дар кишвари мо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, шурўъ аз Қонуни асосӣ ба оила муносибати хосса дошта, тибқи моддаи 33-и Конститутсияи малакат давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.
Бояд зикр кард, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳ ва щамхории доимӣ зоҳир мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои устувор мегузорад.
Принсипи инсондустӣ ва ятимпарварии Сарвари давлат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои таҳкиму устувории оила ва бақои он кӯшиш намуда, онро масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намояд.
Бо баробари пайваста андешидани тадбирҳои мушаххас, ҳамоно дар ҷомеа сафи ҷудошавии оилаҳо, зӯроварӣ дар оила, даст ба ҷиноят задани ҷавонону бонувон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ тадриҷан рӯ ба афзоиш ниҳода истодаст. Ва ин масоили мубраму дощи рӯз ҳар яки моро ба ташвиш оварда, бетараф гузошта наметавонад.
Сипас ба 25 нафар шунавандаи курси «Зан-роҳбар» дар вазъияти тантанавӣ Гувоҳномаи хатми курс супорида шуд.
Шоира Абдурасулова, ҷонишини директор оид ба таълими муассисаи таълимии умумии миёнаи №9, ки курси мазкурро хатм намуд, барои ташкили он ба масъулин арзи сипос намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд