07 Декабр 2024
Субҳи имрўз бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд дар соҳили дарёи Сир ва атрофи майдонҳои ҳудуди он беш аз 300 бех ниҳоли ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.
Ин иқдом бо ташабуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр роҳандозӣ гардида, дар ин рўз аз ҷониби кормандони ин ниҳод 300 бех ниҳоли санавбар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шинонида шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд