03 Январ 2015
«Соли сипаригаштаистода барои сокинони маркази вилоят дар баробари мардуми шарифи кишварамон соли пешрафту ободонӣ рушду натиҷаҳои назаррас буд. Моро ба ин дастовард дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамо буд. Бо эътимоди қавӣ таъкид намудани ҳастам, ки соли нави 2015 низ идомаи ин корҳои созандигию ободонӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо хоҳад буд. Дар ин самт мардуми сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд бо азми қавӣ ва меҳнати фидокоронаи худ ин натиҷаҳоро афзун хоҳанд кард». Ҳамчунин дар ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода натиҷаи озмуни барномаи солинавии беҳтарин байни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус ҷамбаст карда шуд.
Тибқи хулосаи аъзоёни ҳакамон барномаи беҳтарини солинавӣ ҳунарнамоии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дониста шуда, ба онҳо ҷойи аввал сазовор дода шуд.
Ҷойҳои дуюм ва сеюмро муҳассилини коллеҷи тиббӣ ва Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун мукофотҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд,- телевизор, маркази мусиқӣ ва тафдонро Раиси шаҳри Хуҷанд бо тантана супорид.
Дар барномаи консертӣ бошад устодони санъат ва ҳунармандони вилояти Суғд баромад намуданд.