04 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 3 декабри соли 2024 дар варзишгоҳи "Спартак"- и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар мусобиқаи мазкур 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳхат ёфта бо ҳам сабқат намуданд ва беҳтаринҳо ба давраи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаҳои "Гулшан"- и ноҳияи Ашт ва "Адрасмон"-и шаҳри Гулистон байни ҳам сабқат намуда, дастаи "Гулшан"- и ноҳияи Ашт бо ҳисоби 4:2 пирӯз омад. Дар маросими ҷоизасупории мусобиқаи мазкур Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ва Котиби генералии Федератсияи футболи вилоят Аҳлидин Юнусов иштирок ва суханронӣ намуда, махсусан қайд карданд, ки футбол яке аз намудҳои варзиши мебошад, ки зери дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад ва солҳои охир футболбозони тоҷик дар синну соли мухталиф дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мувафақона сабқат намуда истодаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибини мусобиқаи мазкур дар вазъияти тантанавӣ Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супорида шуд.
Натиҷаи мусобиқа:
дастаи Гулшан-и ноҳияи Ашт ҷои I
дастаи Адрасмон-и шаҳри Гулистон ҷои II
дастаи Шаршара-и шаҳри Хуҷанд ҷои III
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд