02 Декабр 2024
2 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Тавре қаблан хабар дода будем, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили Сирдарё барои сокинону меҳмонон мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ бунёд гардида истодааст.
То имрӯз аз пули асосӣ то пули "Ҷашнӣ" ба масофаи зиёда аз 2 километр роҳи пиёдагард бунёд гардида, барои сайру гашт дар соҳили дарё шароит фароҳам оварда шуд.
Бо дастгирии роҳбарияти вилоят ҳамакнун аз пули асосӣ то Боғи "Ғалаба" низ минтақаи истироҳатӣ бунёд хоҳад шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин канори дуюми пули асосӣ низ оғоз ёфта, тахту ҳамвор ва сафолакпӯшии роҳ шуруъ гардид.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин барои вусъатбахшии корҳо ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва соҳили Сирдарё супоришҳо дод.