(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз аҳли хонандагону омӯзгорони гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил бо шукуҳу шаҳомати хоса Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд.

Манзура Муинзода, сарвари муассисаи таълимӣ ҳамагонро бо Рӯзи Парчами миллӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Қабули Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем.
Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: "Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад".
Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.
Сипас барномаи фарҳангии ватандӯстона саршор аз шеъру сурудҳои меҳнапарварона аз ҷониби хонандагони гимназияи 1 ба номи Раҳим Ҷалил пешниҳод гардид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...