30 Декабр 2014
Мо бо соли 2014-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли ҷашнҳо, комёбиҳои бузург ва хоса амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва Соли нави 2015 – уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Хуҷанди бостонӣ ва тамоми сокинонро бо фарорасии соли нави 2015-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Дар шаҳри Хуҷанд доир шудани тантанаи ҷашнҳои бузурги миллӣ -20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Суруди миллӣ, 17-солагии Ваҳдати миллӣ, 23-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тољик Абдураҳмони Ҷомӣ ин эътимоди бузург ба ҳар яки мо, таваҷҷуҳи хосаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хуҷанду хуҷандиён аст. Чунин муносибати некбинонаро нисбати рушду нумӯъ ва ободии шаҳрамон, зебоию тозагӣ, равнақи ҳамарӯзаи иқтисодиёти он, аз ҷониби Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ низ эҳсос мекунем. Маҳз бо шарофати ғамхориҳои сарвари вилоят шаҳри Хуҷанд симои худро ба куллӣ дигар кард ва ҳар як иншооту корхонаҳои саноатӣ, ки бунёд гардид, ба ҳусни он ҳусни тоза афзуд.
Чунонки шумо, ҳамшаҳриёни азиз, хуб медонед, мо солҳои охир раванди корҳои ободкориву созандагиро дар диёри маҳбубамон ба таври дастаҷамъонаву ҳадафманд тақвият бахшида, бо мақсади татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлатамон бо қадамҳои устувор пеш меравем.
Бояд гуфт, ки мардуми шарифи Хуҷандшаҳр дар ин раванд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ софдилонаву ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар татбиқи нақшаҳои созандаи давлат ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон беш аз пеш саҳм мегузоранд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки мо дар тӯли чанд соли охир тавассути таъмин намудани рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ дигар иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ раванди неки ободу зебо гардонидани шаҳру кишварамонро вусъат бахшида истодаем.
Соли 2014 дар саҳифаҳои таърихшаҳри азизи мо – Хуҷанди бостону ҳамешасабз – маркази маъмурии вилояти Суғд ҳамчун соли пешравиҳои калон нақши хоса дошт.
Хусусан, бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои ҷашнӣ, ба монанди ифтитоҳи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои савдою хизматрасонӣ, мумфарш намудани кӯчаҳою маҳаллаҳои шаҳр, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ, техникуми касбии Тоҷикистону Россия дар минтақаи озоди «Суғд», ифтитоҳи меҳмонхона, қаҳвахона ва сехи хокашӯӣ дар кӯчаи Ҷалолиддини Румӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири «Афзали Суғд», маркази таълимӣ-истеҳсолии ҳунарҳои халқии қолинбофӣ, сӯзанидӯзии «Шероз», корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «НАНО-ТЕХ-М», маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофии дастӣ ва истеҳсоли нахи абрешимии «ВТ-Силк», ифтитоҳи бинои нави такмили ихтисоси Раёсати андози вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва амсоли онҳо ба истифода дода шуданд. Ҳамаи ин самараи Истиқлолият аст.
Соли Нави мелодие, ки фаро мерасад, барои миллати мо бешак соли комёбиҳои тоза ба тоза хоҳад шуд. Боварӣ дорам, ки хуҷандиён низ чун кулли мардуми шарифи кишварамон дар Соли Нав бо нерӯи созанда, барои амалӣ гаштани мақсадҳои наҷиб ва шукуфоии Тоҷикистони камари ҳиммат мебанданд.
Бигзор, дар қалби ҳар як шаҳрванди Хуҷанди азизамон нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шӯълабор бошад, роҳи пурша-рафи ватансозиву меҳанпарастии ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳро равшантар созад ва шоҳроҳи зиндагиашон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад!
Бори дигар Шумоёнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо соли навимелодии 2015-ум муборак-бод менамоям. Бигзор Соли Нав ба хонадони ҳар яки Шумо ва аҳли оилаатон соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!