18 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ№17-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик машварати доимоамалкунандагони омӯзгорони шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Нахуст маърӯза таҳти унвони "Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва аҳамияти он" ироа гардид.
Таъкид шуд, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буданд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул кард, ки ҷавобгӯи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд.
Ба шарофати санадҳои қабулшуда ва амалӣ гардидани онҳо фоҷеаи умумимиллӣ, ки қариб буд орзуи ҳазорсолаи мардуми моро барои истиқлолу озодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аз байн бурда, боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллати тоҷик гардад, пешгирӣ карда шуд.
Бо гузашти сию ду сол сол аз қабули ин ҳуҷҷатҳо бо қаноатмандиву ифтихор метавонем гӯем, ки ин ягона роҳи оқилона ва дурусте буд, ки вакилони халқ – онро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ояндаи Ватанамон интихоб намуданд.
Сипас, дар синфхонаҳои алоҳида машғулиятҳои кушод аз ҷониби омӯзгорони МТМУ №17 ташкил гардид, ки онро омӯзгорони фанни забон в аадабиёти макотиби шаҳр мушоҳидаву таҳлил карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд