(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ДАРЁФТИ САОДАТИ МАРДУМ

Нақши шахсиятҳои бузург дар таърихи миллатҳо барои расидан ба ҳусни тафоҳум, якпорчагию якдилӣ ва ниҳоят Истиқлоли миллӣ хеле бузургу муассир аст. Куруши Кабир, Зардушт, Спитамен, Монӣ, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва ғайраҳо аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки дар ин ҷода хидмати шоиста кардаанд. Хидмат ва ҷойгоҳи бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радифу ҷойгоҳ низ шоистаи таҳсин аст.

Истиқлолияти давлати мустақили тоҷикон, ки бо номи мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки 33 сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон: “..Ба номи поки Худованди мутаол, ба номи неку муқаддаси Тоҷикистон, ба кӯҳҳои пурганҷ ва осмонбӯси он, ба водиҳои зарнисору боғу бӯстонҳои хуррами он, ба хотири эҳтироми падару модарон, наврасону ҷавонон, тифлакони гаҳвора ва умуман ба ҷони беш аз 8 миллион шаҳрванди кишвар” савганд ёд карда таъкид доштанд, ки “Тамоми ҳаётамро, орзую андешаҳоямро ва фикру зикрамро фидои имрӯзу фардои неки халқи азизам ва Тоҷикистон маҳбубам месозам”.
Ин савганди Роҳбари Давлат –савганди тамоми хизматчиёни давлатӣ мебошад, ки ҳадаф танҳо ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст.
Ҳамин иродаи Пешвои муаззами миллат буд, ки халқи шарифи тоҷик аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, ба дастовардҳо назаррас комёб шуданд.
Сиву се соли соҳибистиқ¬лолӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу осоиш, ризоияту ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳо намуданд ва аз усулҳое кор гирифтанд, ки моро ба қуллаи мақсуд баранд. Барои расидан ба кӯи мақсуд, пеш аз ҳама, бедорӣ, огаҳӣ, раҳои аз ғафлат ва худшиносӣ муҳим аст. Чун ба худшиносӣ расидем, он гоҳ ба ҳадди худшиносии миллӣ камол меёбем. Аммо худшиносии миллиро ваҳдату якдилӣ ба вуҷуд меорад. Барои ин ифтихору ваҳдатро ба вуҷуд овардан ба роҳу воситаҳое ниёз аст, ки истифодаи онҳо натиҷаи матлуб медиҳад.
Нодиртарин меъёрҳои идоракунии ҷаҳонӣ дар низомҳои мухталифи Тоҷикистон татбиқ гардида, марҳилаи гузариш ба татбиқи равандҳои ҷаҳонии пешрафтҳои иқтисодиёт, барномаҳои бузурги таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ҳамчун се ҳадафи аввалияти рушди Тоҷикистон дар амал татбиқ шуда, барои мусоидат дар амали ҳадафи чаҳорум- саноатикунонии мамлакат имкониятҳо фароҳам омаданд.
Тарҳи сулҳи тоҷикон, ки ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд гирифта, дар саросари олам имрўз муаррифӣ, татбиқ ва омӯзонида мешавад, бори дигар собит сохт, ки ин сулҳи деринтизор дар баробари натиҷаи заҳмату талош ва оини ҷавонмардиву ватандўстиҳои нотакрори сарвари давлати мо будан барои ҷаҳони муосир ҳамчун намунаи беҳтарини сулҳофаринӣ шинохта шудааст.
Сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, кишварҳои олам, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, олимону адибони сатҳи ҷаҳонӣ ба ин таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ бо чашми муҳаббату иродат ва ихлоси тамом назар афканда, кўшишу талош ва ибтикороти Пешвои миллати моро васфу ситоиш кардаанд. Аз ҷумла, шоир ва нависандаи Доғистон Расул Ғамзатов ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва хидматҳои Пешвои миллати мо баҳои баланд дода навиштааст: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Бегумон ҳамин хидматҳои бузургу барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз муҳимтарин омилҳое гардид, ки дар тақвими миллии мо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, саҳифаҳои тозае дар раванди давлатсозиву давлатдории миллии мо боз шавад. Ин аст, ки чанд соли охир 16 ноябр ҳамчун рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин пеш аз ҳама ба хотири хизматҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибистиқололӣ ва пешрафти Ватани азизамон кардаанд, ҷараён гирифтааст.
Барои мо дар он давраи ҳассоси Иҷлосияи тақдирсоз, ки Рӯзи Президент ҳам аз он сарчашма мегирад, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таъмин намудани амнияти мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт. Ҳамчунин, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мафкуравии мардуми тоҷик ва барои баромадан аз ин вазъи даҳшатноки буҳронӣ таъсиси ҳокимияти нерӯманди мутамарказ, ягона ва муназзам зарур буд. Бинобар ин, аъзои комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки барои шароити Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ шакли мувофиқ ва боэътимод мебошад ва аксари кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд. Дар натиҷа ҷумҳурии президентӣ ҳамчун шакли идоракунии давлат дар лоиҳаи Конститутсия пешниҳод гардид. Рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон бори дигар исбот намуд, ки мо дар интихоби шакли идоракунии давлатамон хато накардем.
Мусаллам аст, ки Президенти ҳар кишвар на танҳо Сарвари давлат, балки ғамхор, пойдевор, умедгоҳ ва дастгири доимиихалқ мебошад. Хушбахтӣ ва саодати мардуми тоҷик аст, ки имрўз мо соҳиби чунин раҳбар, чунин сарвар ва чунин Президенте ҳастем, ки бо тафаккури равшан, хиради барҷаста ва афкори пешқадами Тоҷикистони азизи моро ба сўи саодати бузург ва иқболи баланд раҳнамоӣ мекунанд. Маҳз, ҳамин хидматҳои барҷаставу нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар кутоҳтарин фурсат Тоҷикистон марҳилаи душвори гузаришро сипарӣ намуда, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, сулҳу оромишро дар мамлакат таъмин намоянд. Ҳар як сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд файзу нусрати нав мебахшад, кӯчаву хиёбонҳо гул мекунад, даҳҳо иншооти таъиноташ гуногун ба истифода дода мешавад. Дар маҷмуъ аз ҳар як сафари Роҳбари Давлат мардуми шарафманди Хуҷанд илҳоми тозаи бунёдкориву созандагӣ мегиранд.
Бояд қайд намуд, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси шаҳр аз 20 июни соли 2022, №77 аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 360 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ тамоми тадбирҳо равона карда шудаанд.
Бояд қайд намоем, ки аз сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то имрўз зиёда аз 600 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 200 адади он ба соли ҷорӣ рост меояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тамоми имкониятҳоро баҳри рушду такомули самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва корҳои ободонию созандагиро пеша намуда, барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.
Ҳамасола санаи 16-уми ноябро тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон ҳамчун санаи тақдирсоз, муқаддас ва кафолати саодати халқу миллати тоҷик арҷ мегузоранд ва дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ талош доранд, то дар амри иҷрои барномаву ҳадафҳои нерўманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини давлатдории миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳми беназири хешро гузоранд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!


Фирдавс ШАРИФЗОДА,
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...