13 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Истиқлоли давлатӣ барои халқу миллати тоҷик гавҳарест ноёфт, муқаддас ва хеле арзишманд, ки онро гузаштагони мо садсолаҳо интизорӣ доштанд. Ин бахту саодатмандӣ ва иқболи баланди мо аст, ки дар се даҳсолаи охир ба неъмати бебаҳо насиб гардидем.
Дастёбӣ ба ин гавҳар-Истиқлол ҳастии мо-зодагони ҳамин марҳилаи ташаккулёбиро ҷовидон нигоҳ медорад ва ҳамчун таърихи бадастории Истиқлол аз насл ба насл боқӣ мегузорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлол буда, ҳамзамон дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ калидӣ бозидааст. Худ татбиқи барномаҳои он ба тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистони азиз равона гардидаанд.
Воқеан ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилае таъсис ёфт, ки мафҳумҳои низоми бисёрҳизбӣ, гуногунандешӣ, демократия, моликияти хусусӣ, соҳибкорӣ ва ғайра барои мардум падидаи нав буда, дарки амиқи онҳо маърифати баланди сиёсию ҳуқуқии ҷомеаро тақозо менамуд. Бо назардошти вазъи ҳамонвақтаи сиёсии кишвар ва фаъолияти ҳизбу гурӯҳҳои манфиатхоҳ масъулини ҳамонвақтаи ҳизбӣ тавонистанд мақсаду маром ва ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизби навтаъсисро ба оммаи мардум фаҳмонанд.
Бояд гуфт, ки заминаи ҳуқуқии ташаккули гуногунандешӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат ва пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ ҳанӯз соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Аз ҷониби вакилони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ пешниҳоди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба интихоби роҳи низоми давлатдории демокративу дунявӣ якдилона қабул гардид. Пешниҳоди низоми давлатдории демокративу дунявӣ таҳкурсии аввалин Конститутсияи мардумии Тоҷикистони тозаистиқлолро (соли 1994) ташкил намуда, ба гуногунадешӣ дар ҷомеа ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ки ҳуқуқу вазифа ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро танзим мекунад, қабул гардид. Ин ҳуҷҷат нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мушаххас намуда, муносибатҳои иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи рушди иродаи сиёсии шаҳрвандон, инчунин ба амал баровардани ҳокимиятро ба воситаи намояндагон танзим менамояд.
Фидокориву ҷоннисорӣ ва корномаҳои беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи давлати тоҷикон, барқарор кардани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ кардани миллат нақши муассир гузоштанд.
Дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чаҳор вазифае, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, бомуваффақият баромад: якум, хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм, барқарор намудани сулҳу субот, сеюм, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва чорум, ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон. ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ менамояд.
Ҳанӯз дар солҳои аввали фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ташкилоти сиёсие табдил ёфт, ки мардумро сарҷамъ ва роҳнамоӣ карда тавонист. Татбиқи меъёрҳои демократӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлол масъалаи дигар буд, ки он масъулиятро, пеш аз ҳама, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи аслӣ меҳисобиду меҳисобад. Агар аз ин нуқтаи назар мо таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор диҳем, воқеан, он дар даврае арзи ҳастӣ намуд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи душвортарини таърихи худ қарор дошт. Ин айёми нооромию бетартибӣ ва зиддият, давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатии мамлакат буд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басе мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши калидӣ дорад. Илова бар ин, ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии мамлакат барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, гуногуншаклии моликият, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ талош намуд,ки натиҷаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошанд .
Коршиносони масоили сиёсӣ бар он ақидаанд, ки мақсад аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давра ба даст овардани қудрат набуд. Балки ҳадафи аслии ташкили ниҳоди нав муттаҳидии ақлҳои солими ҷомеа, таъмини сулҳу субот, рафъи буҳрони сиёсию иқтисодию мафкуравӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи харобгашта ва дар харитаи ҷаҳон аз хатари нестшавӣ ҳифз намудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон маҳсуб мешуд. Дар он айёми ҳассос маҳз Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо назардошти афкору андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа аз иҷрои ин рисолати таърихӣ баромада, роҳи дурусти рушди мамлакатро муайян намоем.
Имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем. Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд.
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд”.
Самараи асосии фаъолияти пурмаҳсули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Агар фаъолияти ҳизбро амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдоми ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу неругоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, афзоиш ва дарозумрии аҳолӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави кор ва тамоюли афзоиш касб намудани дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ — ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем.
Ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шарофати Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 сол дар ҷомеа мақому манзалати бениҳоят баланд дорад, вале мо бояд бо ин иктифо накарда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем. Дар ин раванд аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва онҳое, ки ба маънои том пайраву ҳамсафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, афроде, ки ҳар пораи хоки ин Ватан барояшон азизу муқаддас буда, ба афкори сиёсии ҳизби мо таваҷҷуҳ доранд, бояд беш аз пеш фаъолу ташаббускор бошанд.
Маъмури Юсуфзод,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон