27 Декабр 2014
Дар маҷлиси фаъолон,к ибо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гузашт, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов доири натиҷаҳои озмун ба ҳозирон маълумот дода қайд намуд, ки озмуни ба ҳадафи асосии худ, ки вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва гулзоркунии шаҳр ва тарғиби завқи зебоипарастии сокинон буд, ноил гашт.
Аз рӯи меъёрҳои муқарраргардидаи низомномаи озмун дар байни муассисаҳои шаҳр Беморхонаи шаҳрии №2, Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Сарраёсати ободони ва хоҷагии манзилию коммуналӣ», Мактаби таҳсилоти умумии № 19, Муасиссаи таҳсилоти томактаби №33, Ташкилоти қарзи хурдии «Имон интернешнл», Корхонаи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «1000 ҷиҳоз», Корхонаи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҷавонӣ», Корхонаи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ЮБТ-ПРИНТ» ғолиб дониста шуданд.
Байни маҳаллаҳо бошад фаъолияти кумитаи маҳаллаҳои «Чашмаи Арзана», «Навбаҳор», «Сайҳун», «Бофанда», ба номи «Қ.Қурбонов», «Шарқ» ва саҳми сокинони маҳаллаҳои зикргардида дар ободонӣ ва гулзоркунӣ чун намунаи ибрат дониста шуда, ғолиби озмун дониста шуданд.
Ҳакамони дар озмуни байни кӯчаҳо ғолибиятро ба кӯчаҳои «Сирдарё», ба номи Султон Умаров, ба номи Маҳмудҷон Мирбобоев ва кӯчаи ба номи Мулло Ҳоҷӣ Ҷӯраев лоиқ донистанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар лаҳзаи тантанавӣ ба роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ғолиб ва раисони маҳаллаҳо Шаҳодатномаи ғолибият ва мукофотпулиро супорида барои саҳми арзандаашон дар ободу зебо гардонидани шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуд.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои Беморхонаи шаҳрии № 2 ва Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Сараёсати ободони ва хоҷагии манзилию коммунали» ду ҳазор сомони баро ҳар қадоми ва дигар ғолибон ба ҳаҷми ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.