27 Декабр 2014

Имрӯз дар ҳузури вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва фаъолон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба номбурдагон Шаҳодатномаи ин унвони ифтихориро супорида, бо соли нави мелодӣ табрик намуд ва ба ҳамаи онҳо тансиҳатию давлати бегазанд орзу намуд. Аз номи соҳибунвонгаштагон собиқадори меҳнат Шуҷоат Ҳасанова барои эҳтирому эътибор ба давлату ҳукумат изҳори сипос намуда, таъкид намуд,ки онҳо ҳамеша дар як саф бо кулли фаъолони шаҳр дар ҳаёти ҷамътиятию сиёсӣ хоҳанд буд.
Лозим ба ёдоварист,ки унвони ифтихории «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» барои шахсони собиқадори соҳаҳои мухталиф, ки дар пешрафт ободӣ ва рушди маркази вилоят саҳми арзанда доранд ва таҳкими арзишҳои миллӣ ва суннати мардуми ин сарзамини бостонӣ нақши муассир доранд сазовор дониста мешаванд. Дар шаҳри Хуҷанд дар гӯшаи махсус мавҷуд аст, ки дар он акси ин унвони ифтихориро дошта насб карда мешавад. Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд то таҷлили Иди наврӯзи соли 2015 ин мавзеъ комилан азнавсозӣ карда шуда, он ба гулгашти истироҳатӣ ва мавзеи фароғатӣ бо фаввораҳои орошӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Холо 22 нафар собиқадорони меҳнат чунин унвони ифтихориро доранд, ки байни онҳо ходими давлатию ҳизбӣ Биҳоҷал Раҳимова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев низ онро мушарраф гаштаанд.