09 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, сарбозону афсаронро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли сиву се соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф, таъмини зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доранд. Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷонашонро қурбон карданд ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорад.
Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезу тунд шудани вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо волотар дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардум талоши зиёд ба харҷ доданд.
Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Раиси вилоят илова намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои он барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардидани супоришҳои хизматӣ, бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.
Дар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархони идона густурда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд