09 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он бунёду азнавсозии зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади огоҳӣ аз раванди бунёдкориҳо аз чандеи иншооти ҷашнӣ ва дурнамои шаҳрсозӣ ошно шуд.
Нахуст, аз лоиҳаи бунёди идомаи хиёбони Раҳим Ҷалил аз мавзеи чорроҳаи Варзишгоҳии марказии шаҳри Хуҷанд ба номи 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то иншооти обрасонии КВДК “Хуҷандобуканал” шинос гардида, ба масъулини дахлдор ҷиҳати суръатбахшии корҳо дастуру супоришҳо дод.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар микроноҳияи 16-уми шаҳри Хуҷанд бо лоиҳаи бунёди сохтмони шуъбачаи соҳили рости ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд шинос гарида, баҳри такмили лоиҳа ва омодасозӣ ба корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.
Зимни шиносоӣ бо бинои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари лоиҳаи бинои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ дар назар дошта шудааст. Дар бинои мазкур ошхона, хобгоҳ, 17 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 нафар, утоқҳои корӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода курсантон ва афсарони Академияро бо иди касбиашон-Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфт.
Дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои муҳташами Қасри фарҳанг ҷараён дорад.
Раиси вилоят ба масъулини дахлдори сохтмон дастур дод, ки корҳои сохтмониро суръат бахшанд.
Дар маҳаллаи номбурда биноҳои нави Суди вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилоти Суғд низ пешбинӣ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари бинои нави Суди вилоят Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Бино аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомоти Суди вилоят фароҳам оварда мешавад.
Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгардида бунёд мегардад.
Пудратчии бинои нави Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ҶДММ «Сохтмони Истиқлол» мебошад. Бино аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш, ошхона ва ғайра ҷойгир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар самти ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дарёфти шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле нақши муҳим дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо, истифодаи маҳсулоти ватанӣ дар сохтмон ва таваҷҷуҳ ба сифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд қайд намуд, ки аз сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, дар шаҳри Хуҷанд то имрўз зиёда 600 адади онҳо бунёд карда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд