07 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
6 ноябр дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.
Дар маросими савгандёдкунӣ ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, иштирок карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу бум, пойдории сулҳу субот саҳм мегузоранд ва ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат менамоянд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, ҳозиринро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба наваскарон ҷиҳати иҷрои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ комёбиҳо орзу кард. Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони он содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.
Дар фазои тантанавӣ ба наваскарон, афсарону сарбозон сипосномаву раҳматнома тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар савганди ҳарбӣ ҳамаи талаботи муҳим ва вазифаҳои асосие, ки халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хизматчии ҳарбӣ мегузорад, хеле мушаххас ва нишонрас ифода ёфтааст. Сарбоз савганд ёд мекунад, ки ба Ватани азизаш-Тоҷикистон содиқ бошад.