05 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Шаҳрвандони гиромӣ!
Яке аз муҳимтарин нишонаҳои давлати соҳибистиқлоли мо Конститутсия мебошад, ки Тоҷикистони азиз расо 30 сол муқаддам ин санади олии ҳуқуқиро қабул кард. Конститутсияи мамлакат ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фарогир буда, аз беҳтарин қонунҳои асосии дунё эътироф мешавад, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар сокини кишвар аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ҳас-соси таърихӣ ва даргириҳои шадиди сиёсӣ қабул гардид ва муҳимтарин нуктаи он давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон шудани давлати тоҷикон аст, ки аз конунҳои баландпояи ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат зимни баррасии лоиҳа доир ба такмили Конститутсия ба як қатор нуктаҳои Конститутсия, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси Ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Кон- ститутсия аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.
Аз ин рў, дар замони соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин санадҳое ба шумор меравад, ки мардум бо хоҳиши хеш моҳи ноябри соли 1994 ба он раъй дод.
Конститутсия дар таърихи навини кишвар, воқеан ҳуҷҷати сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва омили рушди босуботу устувори Ватани азизамон гардид.
Рўзи 6-уми ноябр ҳар сол дар қаламрави кишвари маҳбубамон ҳамчун рўзи қабул ва эътирофи Конститутсия тантана ва қайд мегардад. Бинобар он, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли мардуми шарифро ба муносибати қабули қонуни асосӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.
Ин санади муқаддас Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми моро амалӣ сохт, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаро ба сўи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонд. Чуноне дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омўзиши дақиқи тамоми гурўҳҳо ва кишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд дар рўҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем.
Омўзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шуда, барои татбиқи он бояд тамоми воси-таву имкониятҳо истифода шаванд».
Қабули қонунҳо “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки миёни аҳолӣ ҳамчун қонунҳои мардумӣ эътибор доранд, дар ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоъ ва кўдакону наврасон хизмат мекунанд. Қабули ин қонунҳо дар замони соҳибис-тиқлолии ватанамон сурат гирифт ва ба урфу одатҳои шарқиёнаи мо омили муҳими қонунӣ гардид.
Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсия “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълом доштанд.
Дар ин раванд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа корҳои зиёдро анҷом доданд, ки ҳама бар манфиати мардум ва афзудани маърифати ҳуқуқии онҳо равона гардид.
Айни ҳол, дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 чун идомаи мантиқию бомароми ташаббусҳои қаблӣ дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ шуда истодааст.
Бори дигар, кулли мардуми шарафманду сарбаланди Хуҷандро ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия табрик гуфта, ба хонадонашон хушиву хурсандӣ, иқболи баланд ва файзу баракат орзу мекунам. Бигзор Конститутсия чароғи роҳнамо, шиносномаи миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи фаъоли кишвар бошад!
Рўзи Қонуни асосӣ – ҳомии воқеии миллати тоҷик муборак, ҳамшаҳриёни азиз!