31 Октябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маросими истиқболи тантанавии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
7 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд: Ҳабибуллоҳ Ачилов, муҳассили литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М. Осимӣ, Акбарҷон Ҷӯраев, хонандаи МТМУ №17 дар номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” мақоми дуюм, Абӯбакр Шомирсаидов хонандаи МТМУҒ “Пӯлотов” дар номинаи “Ихтироъкорӣ ва навооварӣ”, Ифтихор Қодиров ва Мирзобаҳодур Раҳматов муҳассилини литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М. Осимӣ дар номинаҳои “Физика” ва “Технологияҳои иттилоотӣ”, Муҳаммадҷон Олимов хонандаи МТМУ №5 дар номинаи “Технологияи иттилоотӣ” ва Арон Каримов хонандаи МТҒ “Эҳёи маънавият” дар номинатсияи “Биология” мақоми сеюмро касб карданд.
Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилоят ва Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ғолибонро бо ин дастовард таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон баргузор мешавад.
Баргузории ҳамасолаи озмун саҳифаи нав дар раванди эҳё намудани анъанаи аҷдодии миллати мо мебошад, ки ба инсоният силсилаи нобиғаҳоро дода, сатҳи донишандӯзӣ, таҳқиқот ва илми тоҷикро то ба садри илми ҷаҳонӣ бароварданд.Иттилоъ дода шуд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун 570 нафар иштирок намуд, 132 нафар ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷойҳои 1,2 ва 3-юм гардиданд.
Ба омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдон саҳм гузоштаанд, Ифтихоронома ва мукофотпулӣ супорида шуд. Инчунин волидайне, ки фарзандонашон дар озмун иштирок намуда, ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд, бо нишони «Маърифатпарвар» ва ифтихорномаҳо қадр гардиданд.
Дар чор соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли гузашта як нафар дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» соҳиби Шоҳҷоиза шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) равона шуда, дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нави раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки шаҳри хонандагони Хуҷанд дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 7 мақоми ифтихорӣ дар байни шаҳру навоҳии вилоят мақоми аввалро касб намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд