28 Октябр 2024
Бахшида ба 30 солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ№ 6-и шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, озмуни “Расми беҳтарин” байни хонандагони синфҳои 7-11, озмуни “Эссеи беҳтарин” байни хонандагони синфҳои 8-10 ташкил гардида, ғолибонаш муайян карда шуданд. Дар озмунҳои мазкур беш аз 200 нафар хонандагон фаъолона ширкат варзиданд.
Бо иштироки мушовирони шӯъбаи маориф Масъуда Ҷабборова ва Қутфинисо Раҳматова бо хонандагони синфҳои 10 мизи мудаввар таҳти унвони “Констутсия-рамзи давлатдории миллӣ” гузаронида шуда, доир ба аҳамияти қабули қонуни асосӣ, бобу моддаҳои он ва шарҳи қонунҳои миллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Аз тарафи омӯзгори фанни забон ва адабиёт Наргиса Исломова барои хонандагони синфи 7 соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош!” ва дар синфи 11 аз тарафи омӯзгор Азаматхӯҷа Шодиев дар мавзуъи “Конститутсия- бахтномаи миллат” дарси намунавӣ гузаронида шуд
Инчунин дар мизи мудаввар иштирокчиёни сохти конститутсионӣ Иброҳим Муллобоев, лейтенанти калон Анвар Назаров, сержант Муҳиддин Шарипов ва дигарон иштирок намуда, бо хонандагон оид ба ҷонбозиҳо зимни қабули Конститутсия ва таъмини сулҳи тоҷикон сӯҳбат намуданд.
Таъкид шуд, ки дар он шабу рӯз Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор дошта буданд: “Имрӯз вақти он расидааст, ки модар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунвӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сарвари Давлат изҳор мекунам, ки асоси эҷоди ин навъ давлатро Сарқонуни нави ҷумҳурӣ мегузорад”.
Ин андешаҳои Сарвари давлат ба сифати аввалин иқдом дар заминаи эҷоди амалии давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки ҷавҳар ва моҳияти чунин давлатро таъмини ҳуқуқи инсон ташкил медиҳад ва ба ташаккулёбии он Констиуттсия созмон мебахшад. Ҳамаи ин кӯшишҳои Сарвари Давлат баёнгари зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки асоси онро як силсила омилҳои айниву зеҳнӣ ташкил медоданд. Таъмини оромиву осудагии мардум, бартараф кардани оқибатҳои ҷанг, расидан ба Ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, бунёдгузории дастгоҳи давлатии сарриштаёфта ва таъмини фаъолияти муътадили зиддияту ноқисии қонунҳои амалкунанда ва дигар масъалае буданд, ки бо қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ бояд ҳалли худро ёбад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд