(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласа аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, кормандони масъули Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр, Маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳр, масъулини Раёсати стандартизатсия, метроогия, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд, роҳбарони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нозирони минтақавии милитсия ва дигар шахсони масъул ҳузур доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷаласа оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, вазъи содиршавии ҷиноят ва санҷишу тафтиши онҳо дар давраи солҳои 2022-2023 ва 9 моҳи соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Бахтиёр Нозимзода гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истеъмолкунандагон тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳимоя мегардад.
Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.
Прокуратураи шаҳри Хуҷанд ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар ин самт мавриди санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор медиҳад ва чораҳои қонунӣ меандешад.
Сипас, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд Фаридун Нуруллозода оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, вазъи содиршавии ҷиноят ва санҷишу тафтиши онҳо дар давраи солҳои 2022-2023 ва 9 моҳи соли 2024 маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд, Раёсати стандартизатсия, метроогия, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд аз ҷумлаи мақомоте мебошад, ки дар ҳудуди шаҳр ба назорати ҳолати иҷрои қонуни мазкур машғул мебошанд ва дар ин давра аз ҷониби ниҳодҳои мазкур санҷишу чорабиниҳои мухталифи пешгиринамоии қонуншиканӣ гузаронида шудааст.
Прокуратураи шаҳри Хуҷанд низ ҷиҳати ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ваколатдор мунтазам санҷишҳо гузаронида, баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт чораҳои дахлдор андешидааст.
Дар давраи таҳлилӣ аз натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак барои вайрон намудани талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа нисбати 24 нафар бо моддаҳои 209 ва 294 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ ва нисбати 422 нафар бо моддаҳои мухталифи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамзамон, унвонии мақомоти ваколатдори соҳа ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он онҳо мусоидаткунанда 17 адад пешниҳод ирсол карда шудааст, ки аз натиҷаи баррасии он 15 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Танҳо дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи санҷишҳои гузаронида 7 ҳолати фиреби истеъмолкунандагон ва ба фурӯш гузоштани маҳсулотҳое, ки ба талаботи бехатарӣ барои саломатии инсон ҷавоб намедиҳад, ошкор ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Сипас, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Азаматхӯҷа Воҳидов, муовини сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Сангин Сангинзода, муовини сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салоҳиддин Холиқзода, муовини сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тибби вилояти Суғд Иззат Ғаффоров, сардори Маркази таъминоти бехатарӣ дар шаҳр Абдувосит Олимов ва дигар масъулин доир ба корҳои анҷомшуда маълумот доданд.
Прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода зимни баррасии масъалаи мазкур бори дигар таҷаҷҷуҳи ҳозиринро оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аксари қонуншиканӣ бо кӯшишҳои бевоситаи кормандони прокуратураи шаҳр ошкор карда шуда, саҳми дигар мақомоти назорати соҳа хуб ба назар намерасад. Аз ин ҷост, ки мақомоти ваколатдори давлат фаъолияти худро ба ҷои каммасъулиятию фориғболӣ, баҳри сифатан ҷоннок намудан сафарбар созанд ва ба амалҳои қонуншиканӣ дидаву дониста чашм напӯшанд. Ошкор кардани ҳолатҳои истеҳсол ва ба фурӯш гузоштани маҳсулотҳои пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба саломатии инсон зараровар аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ин ниҳодҳо ба шумор меравад. Ҳамзамон, таҳлилҳо нишон дод, ки саҳми кормандони мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва соҳибкорон ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст.
Бинобар ин лозим аст, ки бо соҳибкорон мунтазам суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, оқибати ба фурӯш гузоштани молу маҳсулоти пастсифат, шубҳанок ва ғайристандартӣ фаҳмонида шавад.
Ҳамин тариқ, натиҷаи таҳлилу санҷиши гузаронида аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат дар ин самт аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, мақомоти ваколатдори соҳаро зарур аст, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолати ба фурӯш гузоштани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта ва дигар қонунвайронкуниҳои ба фиреби истеъмолкунандагон алоқаманд чораҳои муассири амалӣ андешанд. Бо вазифагузориҳои мушаххас ба кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...