26 Октябр 2024
Субҳи имрӯз Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуданд, ки дар ин рӯз 25 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.
Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, баҳси замин, ободии маҳал, таъмин бо ҷойи кор, таъмири боми хона ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд.
Мавсума Муинӣ ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд