26 Октябр 2024
Дар МТМУ №20-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Муаттара Ёқубова, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи он ошно сохт.
Сипас, директори МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд Меҳринисо Қурбонзода дар мавзуъи “Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" дар муассиса баромад намуд.
Таъкид шуд, ки дар қонуни мазкур ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои се ниҳоди муҳими иҷтимоӣ - оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеаро ки дар раванди таълим ва тарбияи кӯдак нақши калидӣ доранд, дақиқ ва возеҳу мушаххас намуд.
Ҷомеаи омӯзгории муассисаи таълимӣ тамоми фаъолияти хешро ба он равона менамоянд, ки таълиму тарбияи насли наврасро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши хешро ба рушди Ватани аҷдодӣ, давлати соҳибистиқлоламон - Тоҷикистони азиз равона намуда, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем.
Сипас, доир ба мавзуи матраҳшуда байни сарварони муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тибқи барномаи машварат директорони муассисаҳои таълимӣ ба дарсҳои намунавии омӯзгорони МТМУ №20 иштирок намуда, онро мушоҳида карда, таҳлилу баррасӣ намуданд.
Ба иштирокдорони машварат чорабинии адабӣ фарҳангӣ таҳти унвони "Ватан, меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд" аз тарафи хонандагони муассиса пешниҳод шуд, ки дар он муҳассилин бораи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 33 сол маълумотҳо дода, доир ба Ватан, Тоҷикистон шеъру гуфторҳо қироат намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд