25 Октябр 2024
Имрӯз дар Кохи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии "Хушдомани беҳтарин" натиҷагирӣ карда шуд ва аз шаҳри Хуҷанд оилаи Ӯруноваҳо мақоми аввалро дар ин озмуни вилоятӣ ба даст оварданд.
Замира Ӯрунова, зиёда аз 20 сол инҷониб Раиси Шӯрои бонувони маҳаллаи "Содирхон Ҳофиз"-и шаҳри Хуҷанд фаъолият бурда, худ намунаи олии рӯзгордорӣ ва оиладории ибратбахш аст. Ӯ соҳиби 2 писар, 2 келин ва 7 набера буда, дар шаҳри Хуҷанд аз оилаҳои намунавӣ эътироф гардидааст. Кори асосиаш сармуҳосиб дар яке аз ширкатҳои сохтмонии ватанӣ мебошад, ки тӯли солҳои зиёд бенуқсон фаъолияти пурсамар дорад.
Дар озмуни вилоятии "Хушдомани беҳтарин" аз рӯи номинаи "Нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ" миёни 18 "Хушдоманҳои беҳтарин"-и шаҳру навоҳии вилоят сазовори ҷои якум гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуд.
Замира Ӯрунова акнун дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Хушдомани беҳтарин" шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғдро муаррифӣ хоҳад кард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд