24 Октябр 2024
Дар толори гимназияи №24 ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо сокинони маҳаллаҳои Суғдиён ва Мевагули шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Мавсума Муинӣ зимни мулоқот доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Сарвари давлат ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти муҳимму муосири ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.
Ҳамзамон Пешвои миллат, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо супориш доданд, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурўҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад. Инчунин таъкид доштанд, ки амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромўзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурўҳи корӣ вогузор карда шавад.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гўшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурўши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати гурўҳи корӣ қарор дода шаванд. Дар ин самт Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии мамлакат муваззаф гардиданд, ки додани қарзҳои хурди имтиёзнокро барои рушди хунармандиву косибӣ васеъ ба роҳ монанд.
Мавсума Муинӣ доир ба дигар нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд