24 Октябр 2024
Дар МТМУ №9-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва муовинони директор оид ба синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунанда баргузор гардид.
Дар машварат нахуст мавзуъи «Марҳила ва воситаҳои арзёбии хонандагон дар раванди таълим" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки истифодаи усулҳои фаъол дар раванди таълим як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти таълимии омӯзгорро ташкил медиҳад. Барои он ки дар раванди таълим омӯзгор усулҳои фаъол ва технологияи муосирро истифода барад, қабл аз ҳама, ба ӯ донишҳо, малакаву маҳорат ва салоҳиятҳои комплексии умумифарҳангӣ ва касбӣ заруранд. Яъне, стандартҳои имрӯза ба шахсияти омӯзгор ва қобилияту маҳорати муайяни касбӣ доштани ӯ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Қабл аз ворид шудан ба фазои таълим омӯзгор сараввал худашро меозмояд, ки дар кадом сатҳи касбӣ қарор дорад, дар кадом ҷода муваффақият ва дар кадом самтҳои фаъолият камбудиҳо дорад.
Ба ақидаи мо, яке аз аломатҳои вижаи технологияи инноватсионии педагогӣ, ки онро аз методҳои анъанавӣ ва дигар методҳо тафовут медиҳанд, мақсадҳои ташхисӣ ва натиҷаҳои раванди таълиму тарбия мебошанд. Ғайр аз ин, боз чунин аломатҳо вуҷуд доранд: пешгӯишавандагии натиҷаҳои кор, пайдарҳамии дақиқи амалиёт. Пайдарҳамӣ метавонад силсилавӣ, яъне тибқи давра такроршаванда бошад. Аломати дигар, ки кафолати бадастоварии натиҷаҳои дараҷаи додашуда (ё сифат) аст, таҷдидшавии ин натиҷаҳо мебошад. Хусусиятҳои номбаршуда аломати муҳимтарини ҳамгироишаванда - идорашавандагии раванди таълиму тарбия маҳсуб меёбанд.
Сипас, тибқи барномаи машварат муовинони директор оид ба синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳои намунавии омӯзгорони МТМУ №9 ширкат намуда, онро мушоҳидаву баррасӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд