(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори бахши обтаъминкунӣ ва рушди сохтмони шаҳр дар Бонки Осиёии Рушд Сринивас Сампат ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамо ва ҳолати кунунии рушди соҳаи сайёҳӣ, зарфиятҳои соҳа ва аҳамияти ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи сайёҳиро мавриди таҳлиу баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Суғд дар оғози суҳбат таъкид намуд, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардида, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори муҳими соҳаи сайёҳӣ бунёд, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ дубора барқарор ва шароити арзанда барои ҷабули сайёҳон фароҳам оварда шудааст.
Дар вилояти Суғд давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи сайёҳӣ рушд намуда, зарфиятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мегардад. Ҳоло дар вилояти Суғд 45 ширкати сайёҳӣ, 97 субекти хизматрасонии сайёҳӣ, 24 осрохона ва дигар иншооти муҳими соҳа фаъолият доранд. Дар нуҳ моҳи соли равон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳудуди 800 ҳазор нафар меҳмонони хориҷӣ ба вилояти Суғд ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 206 ҳазор нафар зиёд аст.
Гуфта шуд, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд оид ба таҳияи “Нақшаи генералии сайёҳии ҳамгироишудаи вилояти Суғд” ба маблағи беш аз 1 миллион доллар бо ширкати машваратии "Киос" ба имзо расида, руйхати 25 лоиҳаи сармоягузорӣ вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Суғд омода шудаанд. Вилояти Суғд дорои имконоти зиёд дар соҳаи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди сайёҳии куҳнавардӣ, экологӣ, шикорӣ, аграрӣ, таботабтию солимгардонӣ ва таърихию фарҳангӣ мусоидат намояд.
Сринивас Сампат, директори бахши обтаъминкунӣ ва рушди сохтмони шаҳр дар Бонки Осиёии Рушд аз пазироӣ ва таассуроташ аз маконҳои сайёҳиву таърихии вилояти Суғд бо хушҳолӣ ёдоварӣ намуда, ҳавасмандии Бонки Осиёии Рушд дар самти сармоягузорӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ баён дошт.
Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои сайёҳӣ буда, ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳ раовна шудааст. Бонки Осиёии Рушд омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, амалӣ шудани лоиҳаҳои муҳим сармоягузорӣ намояд. Зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ ва густариш бахшидани он изҳор дошта, дар ин самт шиносоии ҳайати меҳмонон бо маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Суғд муҳим арзёбӣ карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...