24 Октябр 2024
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як гуруҳ соҳибкорони чиниро, ки бо мақсади ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои нав дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, ки натиҷаи сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба таърих, вазъи иқтисодии иҷтимоии шаҳр, рушди бемайлони соҳаҳои гуногун ва захираву имкониятҳои мавҷуда маълумот дода, ҷиҳати тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии чинӣ изҳори омодагӣ кард.
Таъкид карда шуд, ки шаҳри Хуҷанд бо кишварҳои гуногуни олам ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии он дар 9 моҳи соли ҷорӣ 339, 3 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид.
Соҳибкорони чинӣ ба шаҳрдор барои қабули расмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ доданд, ки онҳо дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ҳамкориро ба роҳ монданиянд. Дар ин замина зарфияту таҷрибаи кофӣ дар самти сохтмон, энергияи сабз, саноат, хизматрасонӣ ва ғайраҳоро доранд.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии нақшаи ҳамкорӣ ба анҷом расид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд