(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти ҷашнӣ идома дошта, дар ин раванд ба таҷдиду навсозии иншооти соҳаи маориф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.

Бунёди бинои иловагии Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд аз зумраи чунин иншооти ҷашнӣ ба шумор рафта, то таҷлили 35-солагии солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Зимни боздид аз ин муассисаи таълимӣ ва мулоқоту суҳбат бо ҷомеаи омӯзгорон, масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли босаводи миллат тамоми шароит фароҳам гардида, бо мақсади фарогирии хонандагон ба донишандӯзӣ дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят иншооти соҳаи маориф сохта ба истифода дода мешавад.
Бо дарназардошти зиёд шудани толибилмон зарурати бунёди бинои иловагӣ дар назди Гимназияи №1 ба миён омадааст. Зеро имрӯзҳо дар ин муассисаи таълимӣ дар ду баст зиёда аз 3100 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 102 нафар омӯзгор сабақ меомӯзанд. Бинои иловагӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳмгузории ширкатҳои сохтмонӣ сохта мешавад.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати омодасозии лоиҳаи бинои иловагӣ бо фарогирии тамоми имкониятҳо, аз ҷумла утоқҳои барҳавои таълимӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхона, толори варзишӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки бинои нав бояд барои фарогирии то 2000 нафар хонанда пешбинӣ карда шавад.
Сипас, роҳбари вилоят бо лоиҳаи сохтмони боз як бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи навбунёди 26-уми шаҳри Хучанд шинос гардид. Тавре маълумот дода шуд, ин бинои нав барои истиқоматкунандагони маҳаллаҳои навбунёд пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи лоиҳа бинои нави муассиса аз чор ошёна иборат буда, бо фарогирии утоқҳои таълимиву корӣ ва толори варзишиву ошхона сохта мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки давоми нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 52 иншооти соҳаи маориф бо 7975 ҷои нишаст дар як баст мавриди истифода қарор гирифтааст, ки намунаи олии татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Роҳбари вилоят барои боз ҳам мукаммалсозии лоиҳаи бинои нави таълимӣ ва зиёд намудани шумораи синфхонаҳову фарогирии бештари хонандагон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин рӯз роҳбари вилоят ҳамчунин сохтмони бинои таълими барои курсантони факултаи чоруми Академияи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...