22 Октябр 2024
Субҳи имрӯз дар назди МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 30 солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи китобхона муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иктисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавӣ, зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд.
Зикр гардид, ки кулли одамони бомаърифати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе китобхонаи бошўкўҳ бунёд гардид ва дари худро ба рўи муштариёнаш боз намуд. Ин иқдоми нек ҷавонони хушбахти замони истиқлолият туҳфаи беназири таърихӣ буд.
Ифтитоҳи китобхонаи нав дар назди МТМУ №27 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ иқдоми нек мебошад, зеро китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки шаъшаъа бар хаёл афзуда, маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Вай оинаест, ки мо дар он таърихи ҳаёту зиндагонии худамонро эҳсос менамоем.
Сипас аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба китобхонаи нав як миқдор китобҳои тозанашр тақдим гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд соли 1993 бунёд гардида, дар муассиса 520 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.
То имрӯз ҳолати китобхона ба талабот ҷавобгӯ набуд. Имрӯз дар муассиса китобхонаи замонавӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва саҳибкори маҳаллаи Раззоқ ифтитоҳ карда шуд. Ин китобхона ба талабот ҷавобгӯ буда, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар китобхонаи муассиса 12846 адад китобҳои дарсӣ 1170 адад китобҳои бадеӣ ва 436 адад китобҳои илмӣ-методӣ мавҷуд аст. 478 нафар хонандагон ба китобхонаи муассиса аъзо мебошанд.
Хонандагон дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти классик, муосир, ҷаҳон ва бачагона истифода мекунанд.
Барномаи фарҳангии фарогири ғояҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз фаъолияти маҳфилҳои навзди муассиса ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд