25 Декабр 2014
Тантанаи ғояҳои демократия, адолат ва ваҳдати ҷомеа аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги давраи истиқлолият мебошад. Дар густариши ин равандҳо ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мақомоти амният мавқеи хосаро ишғол менамояд. Кормандони амният дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад. Дар баробари ин муқобили терроризми сиёсӣ ва экстремизми динӣ муборизаи беамон бурда, тавонистанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти давлат, пешгирии амалҳои террористӣ, таҳрибкорӣ ва дигар сӯиқасдҳои ҷинояткоронаи махсусан хавфнок, мубориза алайҳи ҷиноятҳои терроризму экстремизм ва муташаккили байналмиллалӣ гузошта шударо сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Ҷоннисориву талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷодаи пуршараф аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии Шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».
Итминони комил дорам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи Шумо, кормандони амният, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони мақомоти амнияти миллӣ тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирӯзиҳои рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!