21 Октябр 2024
Тибқи нақшаи баргузории дарсҳои кушод дар Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандаз ҷониби устоди кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Ғоибназар Худоёров бариои донишҷӯёни гуруҳи 317 аз фанни психология дар мавзуи “Муошират ҳамчун идроки якдигари одамон” дарси кушод ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ҷараёни дарси кушод бо истифода аз васоити муосири таълим устоди донишкада Ғоибназар Худоёров доир ба мавзуъ ба донишҷӯён бо усулҳои интерактивии таълим маълумоти муфассал дода шуд.
Таъкид шуд, ки муошират яке аз қисмҳои илми психология ба ҳисоб меравад. Мафҳуми муошират барои соҳаи руҳияи иҷтимоӣ низ муҳим аст, зеро он ҷараёни дарки ҳамдигару якдигарфаҳмӣ, сарварию роҳбарӣ, муттаҳидию зиддиятҳои дохили гуруҳҳои иҷтимоиро меомӯзад.
Зикр гардид, ки одатан, дар тадқиқотҳои психологӣ муошират ҳамчун қисми таркибии фаъолият ҳисобида мешаваду ҳам намуди фаъолият тадқиқ мегардад. Бояд гуфт, ки ҳаргуна шаклҳои муошират дар навбати худ шаклҳои хусусии фаъолияти якҷояи одамон мебошад, ҳамин тавр, муошират равандест, ки дар рафти фаъолияти одамон ба вуҷуд меояд. Муошират ин раванди бисёрҷабҳаи барқарор намудан ва инкишофи додани алоқаи байни одамон буда, дар фаъолияти якҷояи одамон зоҳир мешавад. Бо натиҷаи дигар гӯем, муошират ин ҳамкори байни одамон ба воситаи аломатҳо мебошад, ки аз талаботи ҳамкорӣ намудан дарак медиҳад.
Дар ҷараёни машғулияти кушод ба таври таҷрибавӣ бо иштироки донишҷӯён навъҳои муошират гузаронида шуд.
Дарси кушодро ректори донишкада Раҳимҷон Назаров ва дигар устодони донишкада мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд